Тафсилоти садамаи маргбор дар нақби «Истиқлол»
Рӯзи 31-уми марти соли 2021, тахминан соати 05:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», Ичилов Ислом Маликович, соли таваллудаш 1996, сокини ҷамоати деҳоти Қӯштеппаи ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи «Хуҷанд-Чаннок-Душанбе» дар ҷамоати деҳоти Анзоб, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёташ набаромада, ба девори даромадгоҳи нақб бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофири дохили автомашинаи мазкур Ҷӯраев Абдуллоҷон Саидбоевич, соли таваллудаш 1980, сокини ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Б.Ғафуров, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ