Тафтишоти ҳуҷум ба афсари КДАМ идома дорад
Прокуратураи шаҳри Кӯлоб аз рӯи қазияи ҳамла ба як корманди Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ин шаҳр парвандаи ҷиноӣ боз карда, ҷустҷӯи ҳамлагарон идома дорад.
Раҳмоналӣ Имомзода, прокурори шаҳри Кӯлоб гуфтааст, ки аз рӯи ҳодисаи ҳамла ба як ходими КДАМ, ки шаби 13-уми май рух додааст, парвандаи ҷиноӣ боз шуда, ҷустҷӯи ҳамлагарон идома дорад. Прокурори шаҳри Кӯлоб гуфтааст, ки дар ҳодисае, ки наздик ба соатҳои 22 он рӯз дар назди як бинои истиқоматӣ рух дод, ба бадани як афсари КДАМ 24 зарбаи корд зада, аз ҷои ҳодиса ғайб задаанд.
Дар таҳқиқи ҳодиса муфаттишони прокуратураи шаҳр, шуъбаи корҳои дохилӣ ва ҳам гурӯҳи оперативии Кумитаи амнияти миллӣ сафарбар шудаанд. Субҳи якшанбе, 14 май муовини вазири ВКД Абдураҳмон Аламзода бо ҳам бо як гурӯҳи фаврӣ ба Кӯлоб рафта бо ҷараёни тафтишот ошно шудааст.Афсари маҷрӯҳ дар шӯъбаи эҳёгарии Беморхонаи вилоятии шаҳри Кӯлоб бистарӣ аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ