Таъхир дар баррасии парвандаи «хабари бардурӯғ»-и терроризм

Дар Қарағандаи Қазоқистон баррасии парвандаи омӯзгори мактаб Юрий Пак, ки дар расонидани хабари дурӯғ дар бораи терроризм айбдор мешавад, бино бар анҷом додани ташхисҳои муҳим, муваққатан қатъ шудааст. Натиҷаи ташхисҳо барои эълони ҳукми омӯзгор аҳамияти муҳим доранд.

Ба гуфтаи додрас Али Жошев, ташхис барои тафтишоти ҳамаҷониба ва одилона муайян шудааст.

Парвандаи омӯзгори фанни физика, ки дар «расонидани хабари дурӯғ дар бораи терроризм» айбдор мешавад, баҳсҳои зиёдеро ба бор овардааст.

Бештар аз ним сол, ки Юрий Пак талош дорад, то исбот кунад, ки вай ба пулис занг назадааст. Тафтишот мегӯяд, дар соли 2015 Юрий Пак ба пулис занг зада, хабар медиҳад, ки бинои «Фурӯшгоҳи марказӣ» минакорӣ шудааст. Айбдоршаванда ин айбҳоро рад карда, мегӯяд, эҳтимол телефони ӯро касе «рахна» карда, ба пулис тамос гирифтааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *