Ғайритоҷик ва нозири роҳ

…Боре бо кадом сабабе ду корманди БДА маро, ки саҳаргоҳон ба кор мерафтам, боздоштанд. Як рӯз қабл мошиншӯӣ карда, баъзе ҳуҷҷатҳои лозимаи ронандагиро дар хона фаромӯш карда будам. Маълум, ки ҷазо мешуд, вақти қимат барабас мерафт, илоҷе ёфтан лозим буд.
Корманди бозрасӣ худро муаддабона шиносонида, ҳуҷҷат талаб кард.
«Пулиси муҳтарам, куллияи асноди ронандагии бандаи ҳақир муҳайёст, кадомашро манзуратон бикунам?». Ҳис кардам, ки гуфторам каме ба гӯйиши ирониҳо шабеҳ баромад. Пулис ҳам, ба назарам, каме ҳайратзада шуд ва баргашт назди он нафари дигар.

  • “Ин ё эронияй ё авғон, чизе гуфт, ростӣ нафаҳмидум”. (Азбас тиреза кушода буд, инро шунидам).
  • Ин хел боша, гумуш — ку, монуш брава…
    Ман, ки аз фикри таъхир ба дарс мушавваш будам, бетоқат шуда дарро кушода, суол кардам: “Пулиси муҳтарам, ман мунтазирам, ки мушаххасан чиро пешниҳодатон кунам?”
    – Э, брав, туда ҷавоб, ҳай кун…
    …То ҷазира расидан ҳам хандидаму ҳам андеша кардам, ки чӣ калимае “ғайритоҷикӣ” гуфтам, ки пулиси роҳ нафаҳмид, охир ҳама калимаҳо тоҷикии адабӣ буданд-ку…

Ҳафиз Раҳмон,
устоди донишгоҳ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *