Ғалабаи деринтизор пас аз 30 сол

Инак пас аз 30 соли интизорӣ боз дастаи “Ливерпул” ба бузургтарин ҷоизаи Ватани футбол даст ёфт.

“Сурхпӯшҳо” ин рӯзро 30 сол боз шабу рӯз интизор буданд. Дастаи “Ливерпул” барои ба даст овардани ҷоизаи Премйер-лигаи Англия то имрӯз машақатҳои зиёде кашидааст. Дар айни ҳол “Ливерпул” бо касби 86 хол дар зинаи аввали ҷадвали ПЛА қарор дорад, ки ин натиҷа дастаро пеш аз муҳлат қаҳрамони Англия гардонид. То имрӯз даста чандин ҷоизаҳо аз ҷумла ду ҷоизаи Лигаи Чемпионҳо дар мавсимҳои 2005 ва 2019-ро ба даст овардааст ва дар ин 30 сол бахт ба рӯи “Ливерпул” барои қаҳрамоншавӣ дар Англия намехандид. Хулоса дар комёбии “Ливерпул” нақиши асосиро сармураббии даста Юрген Клопп мебозад, чаро ки бо омадани ин коршинос даста ҳам ҷоизаи ЛЧ-ро ва ҳам ҷоизаи ПЛА-ро ба хазинаи дастовардҳояш ворид кард. Маротибаи охир “Ливерпул” соли 1990 таҳти роҳбарии сармураббӣ — Кенни Далглиш ҷоизаи ПЛА-ро ба даст оварда буд. То имрӯз тамоми мухлисони дастаи “Ливерпул” ин фурсати таърихиро интизорӣ мекашиданд. Акнун имшаб тамоми мухлисони “Ливерпул” ид доранд.

Ин рӯзи фаромӯшнашавандаро ба тамоми мухлисони дастаи “Ливерпул” табрику таҳният мегӯем!

Ҷоизаҳо

• Первзонаи якум / Премйер-лига

 Чемпион (18): 1900/01, 1905/06, 1921/22, 1922/23, 1946/47, 1963/64, 1965/66, 1972/73, 1975/76, 1976/77, 1978/79, 1979/80, 1981/82, 1982/83, 1983/84, 1985/86, 1987/88, 1989/90

 Ноибқаҳрамон (14): 1898/99, 1909/10, 1968/69, 1973/74, 1974/75, 1977/78, 1984/85, 1986/87, 1988/89, 1990/91, 2001/02, 2008/09, 2013/14, 2018/19

• Дивизионаи дуюм
 Чемпион (4): 1893/94, 1895/96, 1904/05, 1961/62

• Ҷоми Англия
 Ҷоизадор (7): 1965, 1974, 1986, 1989, 1992, 2001, 2006

 Финалист (7): 1914, 1950, 1971, 1977, 1988, 1996, 2012

• Ҷоми Лигаи Англия

 Ҷоизадор (8, рекорд): 1981, 1982, 1983, 1984, 1995, 2001, 2003, 2012

 Финалист (4): 1978, 1987, 2005, 2016

• Суперҷоми Лигаи футбол

 Ҷоизадор (1): 1986

• Суперҷоми Англия

 Ҷоизадор (15): 1964*, 1965*, 1966, 1974, 1976, 1977*, 1979, 1980, 1982, 1986*, 1988, 1989, 1990*, 2001, 2006

o Финалист (7): 1922, 1971, 1983, 1984, 1992, 2002, 2019

• Лигаи Ланкашир

Чемпион: 1893

Манбаъ: «Тв Варзиш»

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *