Ғизо барои табобати пневмония

Кадом намуди ғизоҳо масунияти бадани инсонро баланд мебардоранд?

Маводи ғизоӣ, аз ҷумла, сафедаҳо, чарбу, карбогидратҳо, витаминҳо, пеш аз ҳама, саломатӣ, коршоямӣ ва масунияти организми инсонро таъмин месозанд. Ҳуҷайраҳои масуният аз сафедаҳо иборат мебошанд, аз ин рӯ, миқдори кофии сафеда, ки тавассути хӯрок ба организм ворид мешавад, дар ҳосилшавии сафедаҳои масуният, аз ҷумла, глобулин ва  иммунглобулинҳо ёрӣ мерасонанд.

Чарбуҳо низ дар тақвияти масунияти бадани инсон хеле муҳим буда,  ҳайвонӣ ва растанигӣ мешаванд. Чарбуҳои растанӣ манбаи асосии кислотаи носур, маҷмӯи кислотаҳои носур мебошанд, ки барои организми инсон ниҳоят муҳиманд. Албатта, барои баланд бардоштани масунияти бадани инсон кислотаҳои чарбуии носур, аз ҷумла Омега-3 ва Омега-6, ки аслан, дар таркиби равғани растанӣ, хусусан дар таркиби маҳсулоти баҳрӣ ва моҳӣ мавҷуд мебошанд,  хеле фоидабахш  ҳастанд.

Маҳсулоти гӯштӣ

Манбаи дигари сафедаҳои асил маҳсулоти гӯштӣ аст. Одам бояд ҳадди ақал дар як рӯз аз 60 то 100гр гӯшт истеъмол намояд. Маҳсулоти гӯштӣ манбаи асосии оҳан ба шумор меравад. Гемоглабин ҳам сафеда аст ва дар асл барои ҳосилшавии он маҳсулоти гӯштӣ, яъне сафедаи асил лозим аст. Сафедаҳои асил аз маҳсулоти аслашон ҳайвонӣ ва растанигӣ ҳосил мешаванд.

Барои баланд бардоштани масунияти бадани инсон маҳсулоти гӯштӣ нақши асосӣ дорад, аз ҷумла гӯшти парранда низ. Ҳуҷайраҳои одам асосан аз сафедаҳо иборат буда, сафедаҳои масунияти бадан аз он таркиб ёфтаанд. Аз ин лиҳоз, истеъмоли маҳсулоти гӯштӣ дар як ҳафта се-чор маротиба зарур аст.

Маҳсулоти ширӣ

Маҳсулоти дигаре, ки барои организми одам ниҳоят зарур аст, маҳсулоти ширӣ ба шумор меравад. Одам бояд дар як рӯз аз 200 то 250мл шир ё 250-300мл ҷурғот ё кефир истеъмол намояд. Шир ва маҳсулоти ширӣ манбаи калсий мебошанд. Асосан калсий дар мустаҳкам кардани устухон ва мағзи устухон нақши муҳим дорад. Маҳсулоти ширӣ манбаи асосии таъмини организми инсон бо калсий аст ва он дар ҳосилшавӣ ва мустаҳкамии мағзи устухон нақши муҳим дошта, дар раванди хунофаринӣ иштирок менамояд. Ҳамзамон, калсий дар ҳосилшавии ҳуҷайраҳои сафеди хун-лейкотситҳо нақши назаррас дорад. Лейкотситҳо ҳуҷайраҳое мебошанд, ки тамоми бактерияву вирусҳои ба хун воридшавандаро нест мекунанд. Аз ин лиҳоз, онҳо раванди фаготситозро фаъол менамоянд, аммо нарасидани маводи калсий боиси кам шудани миқдори лейкотсит, эротсит ва дигар ҳуҷайраҳои хун мегардад. Мувофиқи талаботи физиологии организм, барои одам дар як шабонарӯз 1л маҳсулоти ширӣ – шир, ҷурғот, панир, чакка ва равғани маска таъйин шудааст.

Меваву сабзавот

Маҳсулоти дигаре, ки истеъмолашон барои организми инсон хеле зарур буда, манбаи витаминҳо ба шумор мераванд, меваю сабзавот мебошанд. Дар таркиби меваю сабзавот гурӯҳи мухталифи витаминҳо ва витаминҳои дар об ҳалшаванда-селен ва ғайра зиёд мушоҳида мегарданд.

Дар баробари ин, албатта аз истеъмоли баъзе маҳсулотҳо, ки дар ҷабидан ва баланд бардоштани масуният таъсири манфӣ мерасонанд, худдорӣ бояд кард. Масалан, истеъмоли аз меъёр зиёди намак ба масуният таъсири манфӣ мерасонад.

Истеъмоли зиёди маҳсулоти қандӣ ва шакар ба вайроншавии устухон, халал ёфтани дилу рагҳо  оварда мерасонад. Мувофиқи талаботи имрӯзаи физиологӣ дар як шабонарӯз истеъмоли қанду шакар то 50гр тавсия дода мешавад.

Пиёзу сирпиёз

Барои баланд бардоштани масунияти бадани нафароне, ки бемории илтиҳоби шушро аз сар гузаронидаанд, истеъмоли сабзавот, аз ҷумла пиёз ва сирпиёз хеле муфид ҳастанд, ки дар таркибашон асосан фитосид ва фитоносидҳо мавҷуд мебошанд. Онҳо дар пешгирии бемориҳои сироятӣ ва нобуд кардани бактерияву вирусҳо нақши муҳим доранд.

Ҳамзамон, барои организми нафароне, ки бемории илтиҳоби шушро паси сар намудаанд, меваҳои ситрусӣ, аз қабили лимон, афлесун, мандарин ва ғайра хеле муфид мебошанд, ки дар таркиби онҳо  маводи зиддиоксидӣ ва равғанҳои гуногун саршоранд.

Лубиё, наск, нахӯд, мош ва ғайра дар баланд бардоштани масуният низ муҳим мебошанд. Ҳафтае ду-се маротиба аз онҳо истеъмол кардан ба саломатӣ манфиатовар мебошад.

Хуч саршори витамини С буда, ҳамарӯза истеъмол намудани нӯшобаи он аз бемории камхунӣ ҳифз менамояд.

Таҳияи

Н.РАҶАБОВА

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.