Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Ғизои мактабҳои Тоҷикистон беҳтарин эътироф шуд

Бунёди Томсон Ройтерс хабар дода буд, ки китоби номгӯйи ғизои нисфирӯзии мактаббачагони Тоҷикистон, ки аз ҷониби БУО -и СММ навишта шудааст, соли 2017 дар ҷаҳон беҳтарин эътироф шудааст. Дар ин бора хабар медиҳад АМИТ «Ховар»

Дар 200 саҳифаи китоб дар бораи тарзи таҳияи 127 таоми суннатии тоҷикӣ, ки аз маҳсулоти дастрас ва арзон таҳия мешаванд, маълумот дода шудааст.

Китоби пухту паз дар раддабандии ҷоизаи бонуфузи байналмилалии Gourmand World Cookbook-ҳамсони Оскар дар ҷаҳони китобҳо оид ба ошпазӣ сазовори баҳои баланд шудааст. Маросими ҷоизасупорӣ дар Янтайи Чин баргузор шуд. Дар ин озмун намояндагони беш аз 200 кишвари ҷаҳон ширкат намуданд.

Ҳамчунин, Китоби номгӯйи ғизоҳои нисфирӯзии мактаббачагони Тоҷикистон дар категорияи “Амнияти озуқаворӣ” сазовори ҷои аввал ва инчунин ҷоизаи махсуси ҳакамони озмун гардид.

Китоби мазкур соли 2016 дар ҳамкорӣ бо вазоратҳои тандурустӣ ва маорифи Тоҷикистон ва инчунин Пажӯҳишгоҳи саноатии ғизоии Россия нашр шуда буд.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.



arzon.tj