Ғолибияти «Равшан» бар «Истаравшан»

9-уми сентябр дар доираи даври ½ ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал ду бозӣ байни дастаҳои «Муҳоҷир» – «Соро компания» ва «Истаравшан» – «Равшан» баргузор шуд. Хабар медиҳад сомонаи varzishtv.tj

Дар ин набарди пуршиддат дастаи «Равшан» бо натиҷаи 8:7 бар тими «Истаравшан» пирӯз шуда, ба даври финалӣ роҳ ёфт.

Дар вохӯрии дигари даври мазкур бошад, тими «Соро компания» бо ҳисоби 3:0 дастаи «Муҳоҷир»-ро мағлуб намуда, роҳхати финали Ҷоми Тоҷикистон-2020-ро соҳиб шуд.

Акнун дастаҳои «Равшан» ва «Соро компания» санаи 12-уми сентябр барои ба даст овардани ҷоиза вориди майдони рақобат мешаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *