Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Ғоратгарон дар “Фаровон”, кистанд онҳо?

Раёсати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе аз боздошти ду дузди касбӣ хабар медиҳад, ки тағою ҷиян будаанд.

Манбаъ меафзояд, ба кормандони пулиси пойтахт фурӯшандаҳои бозори «Фаровон» муроҷиат намуда, наворҳо аз лаҳзаи дуздии молу амвол дар чанд мағозаҳои бозорро пешниҳод карданд.

Гуфта мешавад, дуздони касбӣ давоми чанд рӯзи ахир аллакай 10 мағозаи ин бозооро мавриди ғорат қарор дода, ба соҳибони он хисороти калони моддӣ расонданд.

Зимнан, кормандони пулис ду нафар гумонбаршуда дар ғорати мағозаҳоро дастгир намуданд, ки инҳо Калонов Бурҳони 48 — сола, сокини вилояти Хатлон ва Ҳафизов Абуҷафари 35 — сола сокини пойтахт мебошанд.

Ҳар ду гумонбарон доғи судӣ дошта ҷияну тағо ҳастанд.
Муайян гардид, ки гумонбаршудаҳо тибқи маслиҳати пешакӣ аз якчанд мағозаҳои бозори Фаровон маҳсулоти ниёзи аввалро дуздидаанд.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.