Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Қаллобии зан дар ҳаҷми 30 ҳозор доллар

Зани 36 сола аз ноҳияи Бобоҷони Ғафуров бо гумони ҷинояти қаллобӣ дар ҳаҷми 30 ҳазор доллар дасгир карда шуд. Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Бино ба иттилои манбаъ ин зани 36 сола аввалҳои моҳи январи соли 2020 бо роҳи фиреб ба боварии марди 35-солаи сокини ҳамин ноҳия даромада, аз ӯ бо баҳонаи тавассути шиносҳояш падари 69-солаи ӯро, ки соли 2008, бо моддаи 104 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор дониста шуда, ба муҳлати 24 сол аз озодӣ маҳрум карда шудааст. Барои ба озодӣ баровардан 120 ҳазор сомонӣ талаб намуда, санаи 13-уми январи соли 2020, ҳангоми гирифтани маблағи мазкур, дастгир карда шудааст.

Инчунин, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки номбурда соли 2015, барои озод намудани падари ҷабрдида маблағи 18 ҳазор доллари амрикоӣ гирифтааст.

Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.