Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

«Қуръон» чӣ гуна ба тоҷикӣ чоп шуд?

Ёде аз Муҳаммадҷон Умаров – тарҷумони китоби муқаддас

Агар Муҳаммадҷон Умаров, тарҷумони китоби муқаддаси «Қуръон» зинда мебуд, санаи 14 январ 70 сола мешуд. Номбурда, 5 сол қабл бар асари бемории гурда ҷон дод, вале аз худ мероси гаронбаҳо – тарҷумаи китоби муқаддаси «Қуръон» ва тафсири беназири он «Саҳеҳи Бухорӣ»-ро ба ёдгор монд…

Муҳаммадҷон Умаров кист?

Муҳаммадҷон Умаров, зодаи Бухорои шариф буда, тамоми умраш дар Душанбе сипарӣ шуд. Ӯ 14 январи соли 1950 ба дунё омада, соли 1967 мактаби миёнаи рақами 53 ва соли 1972 шӯъбаи забони арабии факултаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло ДМТ)-ро хатм кардааст.

Солҳои 1973-1975 ва 1982-1985 дар кишварҳои арабӣ, як муддат дар Сарредаксияи Энсиклопедияи тоҷик ва аз соли 1978 то поёни умр дар Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон фаъолият намуд. Дар баробари ин солҳои 1986-1996 дар Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ва солҳои 1996-2007 дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абуҳанифа аз забони арабӣ ва таърихи динҳои ҷаҳон дарс гуфтааст.

Ӯ асосан ба тарҷума ва бозгардонии китобҳои динӣ машғул буд. Номгӯйи муҳимтарин корҳои Муҳаммадҷон Умаров:

  1. Таҳияи матни тарҷумаи форсии китоби муқаддаси “Қуръон”, мутааллиқ ба Шоҳ Валиюллоҳи Деҳлавӣ-“Фатҳу-р-раҳмон фӣ тарҷумати-л-Қуръон” (дар маҷаллаи “Илм ва ҳаёт” солҳои 1992-2005 чоп шуд).
  2. Тарҷумаи “Ҳафтяки Қуръони маҷид” (ҳамроҳ бо овардани матни арабӣ, ба хати кириллӣ, дар ҳамкорӣ бо Н.Назаров. нашри аввал, Душанбе 1999 ва нашри дуввум, Душанбе 2003)
  3. Овонигории матни арабӣ, тарҷума ва тафсири “Ҳафтяки шариф” аз “Тафсири Ҳусайнӣ”, дар ҳамкорӣ бо Н.Назаров. Душанбе 2006
  4. Тарҷумаи Қуръони карим ба забони адабии тоҷикӣ (Душанбе 2007 ва нашри нав 2011)
  5. Тарҷумаи матни комили “Саҳеҳ”-и Имом ал-Бухорӣ (дар шаш ҷилд, дар ҳамкорӣ бо Ф.Бобоев. чор ҷилди он то имрӯз чоп шудааст. Душанбе 2004, 2005, 2008 ва 2011)
  6. Таҳияи матни “Таърихи Табарӣ-тарҷумаи Абӯалии Балъамӣ” (аз рӯи нусхаи қаламии қарни XIII милодӣ, дар ҳамкорӣ бо Ф.Бобоев, ки соли 2001 бо ҳуруфи кириллӣ нашр гардидааст)
  7. Таҳрири ҳашт ҷилди китоби «Таъриху-л-мулуки ва-р-русул»-и Имом Табарӣ (машҳур ба «Таърихи Табарӣ» дар ҳамкорӣ бо Ф.Бобоев), Душанбе, 2015.
    Муҳаммадҷон Умаров ҳамчунин чандин филмҳои бадеиро ба тоҷикӣ тарҷума кардааст, ки яке аз онҳо тарҷумаи сериали телевизионии “Имоми Аъзам Абӯҳанифа Нӯъмон” (Миср) аз арабӣ ба тоҷикист, ки миёни алоқамандони синамо дар Тоҷикистон маҳбубияти хоса дорад.
    Муаллифи даҳҳо мақолаву тақриз оид ба улуми дин ва китобҳои динӣ мебошад.
    30 июни соли 2015 бар асари бемории гурда ҷон ба ҷонофарин супорид.

«Қуръон» ба забони тоҷикӣ

Қабл аз беморӣ ва марги Муҳаммадҷон Умаров банда ба дидорашон шарафёб шуда, дар мавриди тарҷумаи китобҳои муқаддас бо забони тоҷикӣ бо эшон ҳамсӯҳбат шуда будам. Инак, ба ёд овардани он сӯҳбат айни муддао аст.

-Бори аввал дар Тоҷикистон китоби муқаддаси «Қуръон»-ро дар асоси тарҷумаи форсии Абдулмуҳаммади Оятӣ Мирзо Муллоаҳмадов баргардон кард. Ин китобро банда ҳамроҳи Ҷӯрабек Назриев коркард карда, бо маблағгузории эрониҳо нашр кардем. Албатта, зимни бозгардонӣ, тарҷумаро бо назари аҳли суннат ва ҷамоат мутобиқ кардем, зеро дар тарҷумаи Оятӣ оятҳое буданд, ки ба гуфтаи эрониҳо гўё барои Ҳазрати Алӣ ирсол шудааст, -сӯҳбатро оғоз карданд Муҳаммадҷон Умаров.

Ҳамчунин марҳум, зимни суҳбат қайд карданд, ки аз солҳои 90-ум орзуи тарҷумаи тоҷикии «Қуръон»-ро дар дил мепарвариданд, бинобар ин вариантҳои тарҷумаи форсии онро мавриди омӯзиш қарор дода, тарҷумаи мутааллиқ ба Шоҳ Валиюллоҳи Деҳлавӣ — “Фатҳу-р-раҳмон фӣ тарҷумати-л-Қуръон” –ро бозгардон намуда дар маҷаллаи “Илм ва ҳаёт” нашр карданд. Соли 1995 бо ройзании фарҳангии Эрон дар Тоҷикистон шифоҳӣ ба тавоффуқ расидем, ки Қуръонро бояд ба забони тоҷикӣ тарҷума кунем. Онҳо ваъда карданд, ки чопи китобро маблағгузорӣ мекунанд. Ман ин корро шуруъ кардам, вале ин кор мавқуф гузошта шуд, вале ман тарҷумаро идома медодам.

Ба гуфти Муҳаммадҷон Умаров китоби «Қуръон» маҳз бо пешниҳоди Президенти кишвар ба тоҷикӣ чоп шуд. Эшон он лаҳзаро чунин ёдоварӣ карданд:

-Соли 2007 дар назди ҳукумат Комиссия оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ташкил шуд, ки банда узви он будам. Дар яке аз ҷаласаҳо Президенти кишвар гуфтанд, ки бояд мо тарҷумаи форсии «Қуръон»-ро аз рӯйи матни эрониҳо ба нашр омода кунем. Профессор Абдулло Юлдошев, собиқ муовини вазири корҳои хориҷии кишвар, ки аз тарҷумаи ман огоҳ буданд, ба президент гуфтанд, ки нашри тарҷумаи эрониҳо лозим нест, тарҷумаи тоҷикии «Қуръон» тақрибан омода аст, беҳтар аст онро нашр кунем ва ба ман ишора карданд. Ҷаноби Президент ҳам бо хушҳолӣ гуфтанд, ки агар «Қуръон» бо забони тоҷикӣ бошад, ҳамин ҳоло нашр мекунем. Супориш шуд, ки тарҷумаро то моҳи рамазон омода кунем… Ҳамин тавр, тарҷума омода шуд ва вақти дар Ҳаҷ будани ман он дар Урумчии Чин бо теъдоди 50 ҳазор нусха ба нашр расида тақсим шуд.

Банда аз Муҳаммадҷон Умаров дар мавриди душворфаҳм будани забони тарҷумаи «Қуръон» пурсон шудам ва чунин посух гирифтам:

-«Қуръон»-ро бояд бо тафсирҳо мутолиа кард. Худи арабҳо низ бидуни тафсир Қуръонро намефаҳманд. Дар замони худи Паёмбар (с) низ чунин буд. Қуръонро бе тафсир фаҳмидан бисёр мушкил аст. Мо кўшиш кардем, ки аз лиҳози забонӣ барои мардум фаҳмо бошад ва зимни тарҷумаи сабки забони классикиро нигоҳ доштем…

Муҳаммадҷон Умаров тарҷумаи «Қуръон»-ро барои Тоҷикистон бисёр муҳим арзёбӣ мекарданд ва зимни суҳбат гуфтанд:

«Ин китоб чашми торикбинҳоро равшан мекунад, мардумро бо асли асили Ислом шинос намуда, ҷавононро аз фаҳмишҳои ғалат бозмедорад.»

Воқеан, маҳз бо тарҷумаи Муҳаммадҷон Умаров мардуми тоҷик қуръонхон шуданд ва ба ин васила садҳо нафар асрори ин китоби осмониро ба худ кашф карданд.

Тарҷумаи «Саҳеҳи Бухорӣ»

Муҳаммадҷон Умаров дар мавриди тарҷумаи «Саҳеҳи Бухорӣ»- яке аз тафсирҳои боэътимоди «Қуръон» чунин гуфтанд:

-Як рӯз Файзуллоҳ Бобоев 30 саҳифа «Саҳеҳи Бухорӣ»-ро оварда гуфт, ки як одам илтимос кард, ки ҳаминро тарҷума карда диҳед. Тарҷума карда додем. Баъди чанд вақт омада гуфт, ки акнун пурра тарҷума мекунем. Чунин будааст, ки Самихон Қурбонов, раҳбари «Фононбонк» 30 саҳифаи як матнро ба чандин нафар, ки ба тарҷума машғуланд, тақсим карда додааст. Ҷамъ карда гирифта, аз моро интихоб кардааст. Барои худаш озмуни бидуни эълон гузаронидааст. Ҳамон нафар ин корро маблағгузорӣ кард.

Ҳамин тавр, «Саҳеҳ» ҳам ба дасти хонандаи тоҷик расид…

Ба ҷойи як каф дуо

Муҳаммадҷон Умаров ягон унвони илмӣ ва ҷоизаи давлатӣ надоштанд, вале барои мардуми тоҷик кори муҳимму шоистаро ба сомон расониданд. Маҳз ба воситаи тарҷумаҳои эшон улуми дин дар кишвари мо оммавӣ шуд, ба рӯйи мусалмонони Тоҷикистон дарвозаи калоне кушода шуд, дарвози шинохти дин, шинохти Исломи асил… Рӯҳаш шод ва хонаи охираташ обод бод, ин марди асилро. Ҳар гоҳ «Қуръон»-ро ба забони тоҷикӣ мехонед, фиристодани як каф дуоро ба рӯҳи тарҷумони он фаромӯш накунед.

Одил Нозир,

«Тоҷикистон»

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.