Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Қаҳҳор Маҳкамов: Муродуллоҳ ба ман забони тоҷикӣ омӯхта буд (видео)

Агар умр вафо мекард, имрӯз, 14-уми апрел Муродуллоҳ Шерализода, аввалин сармуҳаррири  рӯзномаи “Садои мардум”,  вакили парлумони кишвар 75-сола мешуд. Дар зер хотироти Қаҳҳор Маҳкамов, аввалин Президенти Тоҷикистон ва Шариф Ҳамдампур, сармуҳаррири “Тоҷикистон”-ро дар бораи Муродуллоҳ Шерализода пешниҳоди хонандагон мегардонем.

Қаҳҳор Маҳкамов: Муродуллоҳ ба ман забони тоҷикӣ омӯхта буд

Шиносоии ман бо Муродуллоҳ замоне сурат гирифт, ки Котиби якуми Кумитаи Марказии ҳизби коммунисти Тоҷикистон будам. Дар ҷумҳуриҳои Иттифоқи Советї дар заминаи бозсозии горбачёвӣ як таҳҳавулот, ҷунбише  ба миён омада буд. Дар заминаи ҳамин ҷунбиш масъалаи омӯзиши амиқи забони тоҷикї ба миён омад. Ман  ҳамагї се синф ба тоҷикї хонда будам ва тасмим гирифтам, ки ин забонро дақиқ омӯзам. Ба ин хотир зарурати доштани як ёрдамчие ба миён омад, ки забони тоҷикиро хуб донад. Номзадҳо зиёд буданд. Аз ҷумла, Муроддуллоҳро пешниҳод намуданд. Гуфтанд, ки номзади илм аст, китобҳои бадеї ва илмиро ба забони тоҷикї тарҷума кардааст, дар Афғонистон низ ба сифати тарҷумон фаъолият дошт.

Ӯро барои сӯҳбат даъват намуданд. Ба назарам бисёр боадаб, хушзабон ва донишманд намуд. Забони русиро ҳам хуб медонист. Ба наздаш як шарт гузоштам:  дар кадом ҳолате, ки набошад, мо бояд танҳо ба забони тоҷикї гап занем. Ӯ ба сифати ёрдамчї ба кор шурӯъ кард. Ин ба назарам,  соли 1987 буд.

Интихоби мо ғалат набаромад. Ӯ ба забони тоҷикї чунон гап мезад, ки кас ҳаловат мебурд. Кордону донишманд ва сиёсатмадори хубе буд. Чанд соле, ки мо якҷоя кор кардем, ин шахс дар дафтари хотироти  ман ҳамчун як инсони поквиҷдон, серғайрат, бошараф боқӣ мондааст.

 Як лаҳзаи соли 1992 , баъди  ба истеъфо рафтанам ҳеҷ аз хотирам намеравад. Дар ширкате ба сифати  ёрдамчии раис   кор мекардам. 16 апрел, рӯзи таваллудам буд. Якбора  ба наздам Муродуллоҳ даромада омад ва маро бо рӯзи мавлудам табрик гуфт. Дар ҳамон сол ман ба синни 60 расида будам, аммо ба хотири ҳеҷ касе  ин сана нарасида буд. Муродуллоҳ ягона касе буд, ки ин сана дар хотираш мондааст.
Инсоне бисёр  қадрдон  ва масъулиятшинос буд. Мавқеъ дошт, масъулиятшинос буд. Ба дурӯягон, ки хоси қисме аз депутатҳо буд ,  мухолифони давлат нафрат доштанд. То рӯзи марг дар мавқеи давлат қарор содиқ боқї монд.   Оппозитсияро бад медид ва  билохира ҳамин оппозитсия ин касро кушт…

Афсӯс, ки як одами наздики ман аз дунё рафт…

Шариф Ҳамдампур: Шерализодаро як рӯз пеш аз марг кушта буданд

Саҳифаи зардшудаи рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон», аз таърихи 4 майи соли 1992 пеши рӯям аст. Дар он эътирози як гуруҳ кормандони рӯзномаи «Садои мардум» алайҳи мавқеи сармуҳаррири он Муроддуллоҳ Шерализода чоп шудааст.

Онҳо (азбаски имрӯз шахсони соҳибмақоманд, аз зикри ному насабашон худдорӣ мекунем) даъво пеш оварда буданд, ки рӯзнома яктарафа аст, танҳо ба майдони Озодӣ таваҷҷуҳ мекунад, бояд дар бораи майдони «Шаҳидон» ҳам гузориш чоп кунад. Онҳо вақти зиёдашонро пинҳонӣ аз сармуҳаррир дар майдони «Шаҳидон» мегузарониданд ва дар бораи ин майдон мавод омода месохтанд. Аммо марҳум Муродуллоҳ Шералиев мухолифи мавқеи онҳо буданд. «Рӯзнома нашрияи Шӯрои Олист ва вазифаи муқаддаси он аз мавқеи давлат ҷонибдорӣ кардан аст». Ба ин ақида он кас устувор буданд ва то охир устувор монданд. Ба ҷонишинон: банда, Додоҷон Раҷабӣ, Мирзомаҳмуд Мирбобоев дастур доданд, ки чунин маводҳо дар саҳифаҳои рӯзнома роҳ наёбанд. Ҳамон рӯзҳо «Чароғи рӯз» барои пайдо кардани муаллифи мақолаи «Як сӯ мотам, як сӯ тараб», ки бо имзои Аскари Замон дар «Садои мардум» чоп шуда буд. 1000 000 доллар мукофот эълон карда карда буд. «Ҷосусон»-и дохилӣ ҳам дар ҷустуҷӯи муаллиф буданд. Умуман, аз паси ҳар корманди дар мавқеи давлат қарордоштаи рӯзнома шикор мерафт.

Идораи «Садои мардум» дар қаноти чапи бинои Шӯрои Олӣ қарор дошт. Ошёнаҳо ва саҳни ҳавлии он аз силоҳбадастон меҷӯшид. Қисме аз онҳо ҳатто бо силоҳ «муомила» карда наметавонистанд. Тирҳои дайду ҳар тараф парвоз доштанд. Дар ошёнаи сеюми бинои Маҷлиси Олӣ Раҳмон Набиев ситод таъсис дода буд. Барномаи ҷаласаи Маҷлиси Олӣ ҳар соат тағйир меёфт. Депутатҳо мисли моку чор тараф медавиданд. Нимаи дуюми рӯз Муродуллоҳ Шералиев ба ман занг заданд (банда ба он кас ако-гуфта муроҷиат мекардам).

-Маҳмадшариф, редаксия тинҷӣ аст?

-Бале, шумора омода,-посух додам.

Аллакай «Ҷавонони Тоҷикистон» дар дастам буд. Барои парешон накардани хотирашон дар бораи изҳорот сухане нагуфтам.

-Вазъият мушкил, эҳтиёт шаветон, маводи нооромкунандаи вазъи ҷомеа роҳ наёбад, гуфтанду гӯшакро гузоштанд.

Субҳи дигар -5 май барвақт ба кор омадам. Дарёфтам, ки он кас дар дафтари коранд. Лаҳзае нагузашта маро даъват карданд. Авзояшон ноҷо, чеҳраашон дуд карда буд.

-Ман ин умедро надоштам. Ханҷар ба синаам зад. Субҳ дарвозаашро тақ-тақ кардам. Набаромад-гуфтанд.

Донистам, киро дар назар доранд. Ӯ яке аз муаллифони изҳорот буд, ки нисбаташ аз ҳама бештар эътимод доштанду эҳтиромаш мекарданд.

-Зарурат надорад ако, гуфтам.

-Мехостам як бор ба рӯяш нигоҳ кунам, гуфтанду оҳи сарде кашиданд.

Мутаассифона, ин нигоҳ насибашон нагашт.

-Имрӯз 5 май, рӯзи матбуот, табрик гуфтам.

-Нимаи дуюми рӯз кормандонро табрик мекунем, гуфтанду хаёломез ҳуҷҷатеро гирифта ҷониби Маҷлиси Олӣ рафтанд.

Соати 10 бояд ҷаласаи Шӯрои Олӣ баргузор мегашт. Вале қисме аз депутатҳо наомаданд. Дар майдон буданд. Ҷаласа аввал ба соати 11 баъд 12, 14 оқибат ба 15 гузаронида шуд. Боз ҳам депутатҳое, ки ба гузаронидани ҷаласа манфиатдор набуданд, наомаданд. Кворум нашуд. Як вақт Муродулло Шералиев бошиддат ба минбар баромаданд. Нотиқи беҳамто буданд. Шояд сабти он дар бойгонии телевизион бошад. Депутатҳоеро, ки аз дастархони давлат нон хӯрда, онро пеши пой мезананд, зери тозиёнаи танқид гирифтанд. Ном ба ном. Мошини давлатсавории занҳояшонро ҳам. Ҳама хомӯш буданд. Ба гапи ҳақ чӣ ҳам мегуфтанд. Касе интизор набуд, ки як шахси дурандеши хирадманди сиёсатмадор ба ин тундӣ ҳарф мезанад. Боз ҷаласа мавқуф гузошта шуд. Депутатҳо саҳни ҳавлӣ баромаданд. Ман ба идораи рӯзнома баргаштам. Баъд аз соате акои Муродулло телефон карданд, ки ба ситод, манзили сеюм оям, барои рӯзнома супорише доранд. Ҳамон лаҳза чанд нафар маҷруҳонеро оварданд, ки аз майдони «Озодӣ» ҷониби Кӯлоб равон буданду дар хамгашти Олӣ Совет мавриди ҳамла қарор гирифтанд. Майдони «Озодӣ» аз ин бархӯрд ба шӯр омада буд. Дар штаб ду нафар буданд. Муродуллоҳ Шералиев ва Рашид Олимов. Ба он кас ҳамсарашон занг зад. Рашид Олимов берун рафт. Ман бо баҳонаи «бубинам, дар майдон чӣ гап» ба долонча баромадам. Даме ки дохили утоқ шудам, он кас аллакай набуданд. Касе ба саҳни ҳавлӣ, назди депутатҳо даъват карда буд. Гумон кардам, супориши оҷил доранд. Мунтазирам тӯл накашид. Тахминан баъд аз понздаҳ дақиқа, соатҳои 5.20 буд, ки Рашид Олимов вориди утоқ шуд:

-Муродуллоҳро паронданд, гуфт.

Лаҳзае шах шудам. Баъд, берун, саҳни ҳавлӣ тохтам. Ҷасади он кас зери дарахти даромадгоҳи ақиби Маҷлиси Олӣ мехобид. Ҷасадро ҷунбонидан намонданд. Муовини прокурори шаҳр Қилич Қурбонов бо як нафар муфттиши ҷавон омад. Ҳуҷҷат тартиб дод. Ҳамин дам садои тирпарронӣ шурӯъ шуд. Гуруҳ ба дохили бино гурехтанд, гуруҳе худро ба замин партофтанд. Лаҳзае баъд дар саҳни ҳавлӣ кас намонд. Ҳама аз паси тирезаҳо тамошо доштанд. Роҳро аз чанд ҷой баррикада карда буданд. Ҳатто касе берун наомад, ки барои ба паноҳгоҳ бурдани ҷасад ёрӣ расонад. Ба вазири тандурустӣ Иномов, ки риштаи дӯстӣ бо марҳум дошт, занг зада, хоҳиш намудам, ки мошини ёрии таъҷилӣ фиристад. Баъд аз соате мошини ёрии таъҷилӣ бо мушкилот аз баррикада гузашта, вориди саҳни ҳавлии Маҷлиси Олӣ шуд. Бо кӯмаки аскаре ҷасадро ба мошин бор кардам. Дар кӯча тир ҳуштак мекашид. Посе аз шаб гузашта буд. Дар чорроҳаи Хонаи матбуот мошин таваққуф кард:

-Куҷо барам?-пурсид ронанда.

-Ман намедонистам куҷо барам. Ҳамсарашон ҳомиладор буд. Тарсидам, ки осебе нарасад. Ба сарам андешаи морг бурдан омад.

-Қараболо, морг,-гуфтам ба ронанда.

Дар морг то рӯз шоҳиди тирпарронӣ шудам. Тоҷик хуни тоҷик мерехт. Ҷанг оғоз ёфта буд. Муродулло Шералиев аввалин қурбонӣ, марги ӯ оғози ҷанги шаҳрвандӣ буд.

Ҷасади он касро ба зодгоҳашон-деҳаи Кулолии ноҳияи Панҷакент бурдем. Ба Душанбе баргаштам. Мавқеи «Садои мардум» комилан дигар шуда буд. Дар саҳифаи аввали рӯзнома барои сурат ва таъзия ба марги аввалин сармуҳаррир, бунёдгузор, вакили мардумӣ-Муродуллоҳ Шералиев ҷой пайдо нашуд. Онро дар саҳифаи охир ҷой дода буданд. Ман аризаи аз кор рафтан додам. Он рӯзҳо барои мақолаи алайҳи Шодмон Юсуф навиштаам мавриди таъқиб қарор гирифта будам. Иҷрокунандаи раиси Маҷлиси Олӣ Искандаров аризаамро имзо гузошт. Ҳамин тавр, бо ягона нашрияе, ки дар давраи сармуҳарририи Муродуллоҳи Шерализода дар мавқеи давлат қарор дошт, хайрбод гуфтам.

Аз он рӯз ҳаждаҳ сол сипарӣ шуд. Дирӯз Муродуллоҳ Шералиев 65 сола шуданд. Ҳамсарашон Хосият хонаи барҳавои шавҳарашро фурӯхта, дар гӯшаи шаҳр духонагӣ харид. Бо пули он ва дастёрӣ фарзандонашро ба камол расонд. Фарзанди хурдиаш баъди ду моҳи марги падар ба  дунё омад. Номи падарро дорад: Муродуллоҳ. Сари дастархони хоксоронаи ба ифтихори 65 солагии шавҳараш оростаи апаи Хосиятро холӣ ёфтам.

-Писаратон куҷо?-пурсидам аз ӯ.

-Расия, мардикорӣ?

-Муродуллоҳ чӣ? Орзу доштед, ки ҷойгиру номбардори падар шавед.

-Мактабҳо пулакӣ шудагӣ, пул наёфтам, ки хононам. Ӯ ҳам мардикорӣ рафт.

Хосият даст ба пешонӣ бурду сар хам кард. Оби чашмони ӯ рӯи дастархон мешориданд.

Зодрӯз муборак, акои Муродуллоҳ!

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.