Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Қабристони ғайриқонунии муҳоҷирон дар ҷангал

Кормандони Кумитаи тафтишоти Русия дар Ҷумҳурии Саха аз рӯйи далели дарёфти қабристони ғайриқонунӣ дар шаҳри Якутск санҷиш оғоз карданд. Дар ин бора сомонаи итилоотии Раёсати тафтишоти Кумитаи Русия дар Якутия (Ёқутистон) хабар медиҳад.

Бино ба иттилои манбаъ рӯзи 5 июл дар ҳудуди маҳаллаи Птицефабрика шаҳри Якутск, пойтахти ҷумҳурии Саха – Якутия (Ёқутистон)-и Русия, 300 метр дуртар аз қабристони расмӣ дар даруни ҷангал як қабристони ғайрирасмӣ бо 5 қабрро пайдо кардаанд. Дар рӯи ду қабр алакай санг гузошта буданд ва мақомот муайян кардаанд, ки дар ин ду гӯр зодагони Тоҷикистон ва Қирғизистонро ба хок супурдаанд. Парфирий Шестаков, раҳбари корхонаи давлатии «Ритуал» гуфтааст, ҷустуҷӯи шахсияти онҳое, ки дар се қабри дигар гӯронда шудаанд, идома дорад ва барои муайян кардани онҳо ҷамъиятҳои муҳоҷиронро ҷалб хоҳанд кард. Мақомоти тафтишотии Якутия низ ба таҳқиқи ин қазия шурӯъ кардаанд.

Дар моҳҳои охир ба далели баста шудани марзҳо даҳҳо муҳоҷири дар Русия фавтидаро дар гӯшаҳои гуногуни он кишвари паҳновар ба хок супурданд. Дар бархе ҳолатҳо, ба сабаби хеле гарон будани нархи як порча замини гӯр дар қабристонҳои шаҳрҳои бузург муҳоҷирон маҷбур мешуданд мурдаҳои наздикони худро ба ягон деҳаи дурдаст, ки онҷо нархи гӯручӯб арзонтар аст, бурда, ба хок супоранд. Аммо дар Якутск, тавре ба назар мерасад, роҳи ҳалро дар ин дидаанд, ки мурдаҳои муҳоҷиронро бурда, дар ҷангал дафн кунанд…

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.