Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Қаллоб деканро шарманда кард

Тавре “Ахбори ВКД” иттилоъ медиҳад, декани факултаи физикаи Донишгоҳи омӯзгории пойтахтро қаллобе бо номи Сорбон Яъқубов хеле моҳирона дар давоми се сол фиреб дода, аз ӯ моҳирона аз соли 2018 то марти 2020 дар маҷмӯъ 186 ҳазор сомонӣ ва як мошини «Опел” гирифтааст.

Ин ҳамаро декан, номзади илм ба ивази ваъдаи мансаби калон гирифтан ба ин қаллоб додааст. Қалоб,ки худ қаблан пас аз ду соли таҳсил дар ин донишкада аз он ҷо ронда шуда будааст, бо истифода аз номи шаҳрдори Душанбе , худро ҷияни ӯ вонамуд карда, ба донишгоҳ барқарор шудааст ва сипас пурра ба боварии декан даромада, амалҳои қаллобии худро дар ин самт идома додааст.

Ҳар замон,тавре, ки худи декани фиребхурда эътироф мекунад, Сорбон аз номи раиси шаҳр занг зада, барои кумак кардан ба Сорбон Яъқубов ёрдами ӯро дархост мекардаааст.Аз соддагии декан истифода бурда, ин қаллоб маблағи калон ва мошини ӯро соҳибӣ кардааст. Наход соддагии номазади илм то дараҷае бошад,ки ӯро як қаллоби кучагӣ то ин дараҷа фиреб диҳад? Шояд умеди расидан ба мансаби калон чашмони ӯро хира карда буданд?

А.А.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.