Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Қарори Раиси шаҳри Душанбе дар бораи даъвати навбатии тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ ба тасвиб расид

Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ нақшаи чорабиниҳои омодагии муташаккилона ҷиҳати баргузор намудани омӯзиши даъвати тирамоҳии шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1993-2002 ба хизмати ҳарбӣ дар соли 2020 тасдиқ гардид. Дар ин бора аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри хабар медиҳад.

Дар қарор гуфта мешавад, ҷиҳати ба хизмати ҳарбӣ сафарбар намудани даъватшавандагон то санаи 25 сентябри соли 2020 барои гузаштани муоинаи пешакии тиббӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, даъватшавандагоне, ки гирифтори бемориҳои табобатшавандаанд, барои муолиҷаи онҳо дар якҷоягӣ бо марказҳои табобатию солимгардонӣ чораҳои зарурӣ андешида шавад.

Ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёни касбӣ, корхонаҳо, марказҳои савдо ва хизматрасониҳо новобаста аз шакли фаъолияташон, ҷиҳати андешидани тадбирҳои зарурӣ баҳри муташаккилона сафарбар намудани ҷавонписарони синнусоли даъватӣ ба хизмати ҳарбӣ дастур дода шудааст.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.