Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Қасди худсӯзӣ дар дафтари раиси Иттифоқи нависандагон Низом Қосим (Матни пурра)

БА ТАВАҶҶУҲИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Нангинтарин воқеа дар таърихи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон рӯзи панҷшанбе, 24 сентябри соли 2020 рух дод. Дар ин рӯз байни ману раиси Иттифоқ Низом Қосим дар утоқи кориаш, ҳодисае рӯй дод, ки таърихи инсоният ёд надорад. Охир Иттифоқи нависандагон даргоҳи адаб аст, ба  адабиёт сарукор дорад. Аммо раиси Иттифоқи нависандагон Низом Қосим мани қаламкашро то ба худкушӣ расонид. Ман зарфи бензинро ба сару рӯям рехтам ва оташгиракро баровардам,  ки худро оташ занам. Аммо…

Чӣ гуна Низом Қосим маро ба худсӯзӣ водор кард?

Ҳашт сол аст, ки барои узви Иттифоқи нависандагон шудан омодагӣ мегирам. Аниқтараш 50 сол аст, ки қалам дар даст эҷод мекунам. Дар ин муддат 17 номгӯй китобҳоям, қариб 500 маводи публитсистиам чоп шуданд. Ҳанӯз замони раиси Иттифоқи нависандагон будани Меҳмон Бахтӣ шуъбаи дахлдори ин Иттифоқ ҳуҷҷатҳоямро барои узви Иттифоқ шудан қабул карда буд. Масъалаи узвияти ман қариб ҳал шуда буд, аммо Низом Қосим раиси Иттифоқ шуду об ях баст.  Ҳуҷҷатҳои тайёрам, гӯё «гум» шуданд. Бори дуюм ҳам ҳуҷҷатҳои тайёрам ба утоқи Низом Қосим даромада, дигар набаромаданд. Бори сеюм ҳуҷҷатҳоям бо ташаббуси Ато Мирхоҷа (муовини аввали Низом Қосим) омода гардид. Тавсияномаро бошад, аъзои Иттифоқ Ато Ҳамдам, Бахтиёр Муртазо, Маҷид Салим ва Султонмуроди Одина навиштаанд.

Аз ҷараёни минбаъдаи гапу корҳо бовар намудам, ки то узвияти Иттифоқи нависандагон пазируфта шуданам ҳамагӣ як қадам мондааст. Зеро ба ман аллакай «Карточка учета» (варақаи бақайдгирии адиб) доданд. Рӯзӣ 21 сентябри соли 2020, соати 14:28 ташаббускори асосии пешбарии ман ба узвият — Ато Мирхоҷа бо телефон хабар дод, ки ҳуҷҷатҳоям ба раёсат пешниҳод шуд ва ба ин муносибат маро табрик ҳам кард. Илова бар ин, яке аз омодакунандагони ҳуҷҷатҳоям ва шахси тавсиянавишта Бахтиёр Муртазо субҳи рӯзи 24.09.2020  маро  даъват намуда, ҷузъиёти нозуки суҳбат бо аъзои раёсатро фаҳмонда таъкид кард, ки аз соати таъиншуда дер накунам. Ҳамаи ин маро бас дилпур карданд ва рӯҳбаландона омодаи иштирок ба маҷлиси Раёсати Иттифоқи нависандагон шудам.

Аммо соати 11:05-и ҳамон рӯз Ато Мирхоҷа, бо телефон хабар дод, ки «Дуои ҳамаи мо ба раиси Иттифоқ Низом Қосим кора накард. Ӯ ҳуҷҷатҳои шуморо аз бастаи ҳуҷҷатҳои дигар бозпас гирифт…»

Банда лол шудам. Вуҷудам карахт шуд. Пеши назарам тайёрии   санъаткорони театри ш. Ҳисор ва фарзандону наберагонам, ҳамдеҳагону шогирдони мактаби хатмкардаам, мактаби деҳа ва мактаби президентии ш. Ҳисор омад. Зеро ният доштам, ки дар ҳоли аъзо шудан ба Иттифоқи нависандагон, маҳфили адабӣ доир кунам ва барои бародарону дӯстон, ҳамсабақону ҳамқаламон, албатта, бо ширкати намояндагони Иттифоқи нависандаҳо «як пиёла чой» дар доираи қонуни танзим, ташкил намоям.

Тайи ду-се рӯзи охир, махсусан, баъди 21 сентябр дар ин бора бештар фикр мекардам. Шодию хурсандии худ ва наберагонамро пешакӣ тасаввур менамудам. Лек баъди телефони А. Мирхоҷа дарк намудам, ки ҳамаи ин имкони нашудан дорад, имкони хандахариш, пичингпаррониҳоро шуниданам аз эҳтимол дур нест.

Фикр кардам, ки маҳз ҳамин 24 сентябри соли 2020 имконияти охирини аъзо шудан ба Иттифоқи нависандагон аст. Суханони шоир Ҳабибулло Нозирӣ ҳам дар хусуси ноҳақ аз узвияти Иттифоқи нависандагон хориҷ шуданаш дар гӯшҳоям садо доданд:

 «Он рӯз дур нест, ки аз дарди ин ноҳаққӣ… мемурам. Зеро ин нанг бароям хеле гарон аст» (ва мурд).

 Ҳамчунин, чеҳраҳои ғамгину илҳоми мурдаи онҳое, ки бо ташаббуси Низом Қосим ноҳақ аз узвияти Иттифоқи нависандагон хориҷ шуда буданд, пеши назарам омад. Ҳолати сарпастии зану фарзандон ва наберагони онҳоро ғоибона дида ба риққат омадам ва тобу тоқат аз даст додам. Аз худ бехуд шудам. Дар мағзам танҳо як фикр омад: «Кӣ ба ин беадолатӣ хотима мегузорад? Бояд диққати Президенти ҷумҳурӣ, Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон,  ҳомиёни ҳифзи ҳуқуқ, вакилони мардумӣ ва аҳли ҷомеаро ба ин худсариҳои Низом Қосим ҷалб намуд».

Шиму костюме, ки баъди як соат бояд пӯшида ба ҷаласаи раёсат мерафтам ва бо билети аъзогӣ бармегаштам, ба бар намудам.  Майнаи сарам ҳуввос мекашид, аз он танҳо як садо берун меомад ва ба Иттифоқи нависандагон меравам ва бо  Низом Қосим ором суҳбат мекунам, чаро ӯ ҳокими яктоз аст, чаро ҳуҷҷатҳои маро ба муҳокимаи аъзои раёсат набароварда, худсарона аз байни ҳуҷҷатҳо гирифта, ба як гӯша партофтааст? Сарам аз фикри зиёд гӯё мекафид, намедонам ин фикр аз куҷо омад, ки дар роҳ  бехудона дар ду зарфи 1,5 — литра бензин харидам. Ба кабинети Низом Қосим даромадам.

— Устод омадам, ки сабаби бозпасгирии ҳуҷҷатҳои маро аз бастаи ҳуҷҷатҳои дигар довталабони узвияти Иттифоқ асоснок кунед, — гуфтам бо оромӣ ва варақаеро, ки дар он мақсадамро навишат будам, ба ӯ дароз кардам.

Раис- чун тӯраҳои замони амири Бухоро ба варақ аҳамият надода, бо ҷаҳл гуфт:

— То ман ҳастам ту узви Иттифоқ намешавӣ!

Аз гап мондам. Чӣ гуфтанамро надонистам. Вуҷудамро изтиробу ҳаяҷони сахт фаро гирифт. («Состояние аффекта). Даст ба сумкаам бурда, аз он  оташдиҳак ва як зарфи 1,5 — литраи бензинро баровардам. Бе сухан ва дар ҳоли бехудӣ  (невменяемый) ба сару танам бензин рехтам. Низом Қосим «Бас кун авбоширо, ҳозир ба милиса занг мезанам»  гуфту гӯшии телефонро бардошт. Аммо нагузоштам. Низом барои аз дастам кашида гирифтани зарфи бензин  кашмокаш кард. Дар натиҷа, ҷо-ҷои либосаш бензинолуд шуд. Овози баланд бароварду ба сӯи дар давид. Онро аз пушт қулф карда гуфт: «То омадани милиса ҳамон ҷо бош, рӯзатро мебинӣ!». Аммо ман нанишастам. Дарро зада, берун баромадам. Дар қабулгоҳ 4-5 нафар ҷамъ омада буданд. Аз онҳо хоҳиш кардам: 

— Илтимос, прокурорро даъват кунед!

Ин замон Низом ба дар наздик шуда, сухани қабеҳе гуфту ба қисмати ноф поёнтарам як лагат зад. Варақи нагирифтаи Н. Қосимро ба одамони ҷамъомада дароз карда, хоҳиш намудам:

— Ба Ато Мирхоҷа диҳед.

Пешвои миллат, бовар дорам, ки шумо ҳолати маро мефаҳмед. Мани 70 — сола намедонам чанд рӯзи дигар умр дорам, бо меҳнати ҳалол ба ҳамин син расидам. Дар замони ҷанги шаҳрвандӣ дар бари Шумо будам, вохӯриатонро дар шаҳри Ломоносов барандагӣ кардам, аз ҷоннисориҳоятон ду китоб навиштам. Ҳар он чӣ навиштам, бо хуни дил навиштам…

Шояд ин охирин раёсате буд, ки метавонист маро ба узвият қабул кунад. Ин рӯзи шодиро фарзандонам, наберагонам, ҳамдеҳагонам мунтазир буданд. Мегуфтанд, ки «нагузашт, шарманда шуд». Магар аз рӯйи адолат буд, ки мане, ки умрамро сарфи қаламкашӣ кардам, дар хазони умр чунин ноумеду таҳқир шавам? Дар назди фарзандонам сархам намуд, меҳнати 50-солаи эҷодии маро ба як пули пучак баробар кард…

Ман дар ҳолати бехудӣ будам, вагарна хуб медонам, ки худкушӣ дар суннати мо ҳаром аст. Бубинед, ки Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон чӣ гуна ҷаҳаннамро дар ин дунё бароям сохт, ки дар ҳолати бехудӣ қариб дунёи охиратамро низ ҷаҳаннам сохтанӣ будам.

Лаҳзае пас Рустам Ваҳҳобзода омад. Аз байни ҷамъшудагон, ки аксаран тамошобин буданд, танҳо ӯ ва Ато Мирхоҷа тавонистанд каме маро ором кунанд, суханҳои нағз гуфтанд, нагузоштанд, ки оташдиҳакро равшан кунам.

Дере нагузашта ба ҷойи прокурор милитсионер пайдо шуд ва маро бурданӣ шуд. Ин замон Низом Қосим дар байни ҷамъбудагон ба ман нигариста, бо ҷаҳл «То ман ҳастам, ту узви Иттифоқ намешавӣ!» — гуфту боз бо ҳамон ҷаҳл аз дар баромад. Надедонам, барои чӣ ӯ ин суханро такрор ба такрор мегуфт.

Ин лаҳзаҳо ягона умеди ман омадани прокурор буд. Аммо ӯро ё даъват накарда буданд ё даъват карда буданду наомад. Бензин ба чашмонам даромада, қувваи босираамро хеле кам кард. Бӯйи бензини дар тамоми бадан рехта, ғавғои одамон аз будаш зиёдтар маро беҳолу мадор карда буд. Дар интизории прокурор, ки ахиран наомад, умед аз даст дода, аз хастагӣ аъзои баданам суст шуд. Лаҳзае фаро расид, ки оташдиҳакро ба кор дарорам. Милитсионер ин ҳолати маро пай бурда, хеле чолокона ва ба як ҷаҳиш худро ба ман расонид… Дастонамро ба пуштам тоб дода, сахт дошта, ба ёрдамчиёнаш гуфт, ки сарамро бардошта, суратамро гиранд. Онҳо ҳамин тавр карданд. Ин замон зери манаҳам мушти обдоре омад. Ин мушт, мушти ҷавоне буд, ки дар ибтидо кӯшиши аз дастам  гирифтани зарфи бензинро кард.

Аз ӯ пурсидам:

— Маро задӣ-а?

— Боз мезанам!- ҷавоб дод ӯ.

Ӯ кист, ки ин қадар ноҷавонмардона рафтор кард ва «афтодаро зад лагад»? Ман ӯро боре ҳам надидааам ва намедонам. Вале, бовар дорам, ки тафтишот ӯро пайдо мекунад, зеро аз таъсири ин мушт, се дандони пиронаи ман шикаст.

Милисаҳо маро, ки миёнам аз дарди дастони дар пушташ сахт тобдода чангак шуда будам, аз айвони дароз гузаронда мебурданд. Чандин одам ин манзараро тамошо менамуд. Ҳамин лаҳза Низом-тӯра аз байни одамон босуръат гузашт.  Рӯ ба рӯям ва милисаҳо қарор гирифту гуфт:

«То ман ҳастам, ту узви Иттифоқ намешавӣ!»…

Аҷиб. Дар паси ин сухани такрор ба такроргуфтаи Н. Қосим чӣ ниҳон бошад? Вай-ку маро дуруст намешиносаду намедонад. Пас ба ин қаламкаши музофотӣ чӣ ғаразу хусумат дошта бошад? Магар намешуд, ки нимварақи дарозкардаи маро гираду оромона, бо сабру таҳаммул хонад, бо ман чун роҳбар ва чун шахси сиёсатмадор, аз ҳама асосиаш чун адиб гуфтугӯ кунад, дардамро ботамкин шунавад. Бе ҷаҳлу ғазаб сабаби ҳақиқии роҳ надоданашро ба қабули ман мефаҳмонд, маро бовар мекунонд, ки шоиста нестам. Ҳол он ки воқеият чунин нест.  Аз ҳама беҳтараш масъаларо ба ихтиёри Раёсати ИН вогузор мекард. Аммо афсӯс, эҳсоси худписандию худхоҳӣ, яккатозӣ ба ӯ ғолиб омадааст. Ба ҷойи чун роҳбар вазъиятро ба даст гирифтан, аз «аспи саманди» ғурур нафаромада, бо рӯйтуршӣ ба ман муомилаи бад кард.  Ҳамин буд, ки ӯ маро ба ҳолати худкушӣ оварда расонид… Ҳайфи курсии Мирзо Турсунзода, Мӯъмин Қаноат, Меҳмон Бахтӣ, ки ӯ мешинад! Тафтишот чӣ мегӯяд, чӣ хулоса мекунад, ҳоло намедонам…

…Милисаҳо маро ба Беморхонаи касалиҳои рӯҳӣ – Кӯктош бурданд. Пас аз чор рӯз табибони ин беморхона ба ман рухсат доданд. Вале ин ҳодисаи нангин ба саломатиам таъсири бад гузошту қариб ду моҳ дар Бемористони рақами 1 бистарӣ шудам ва табибон маро аз илтиҳоби шуш, инфаркту инсулт наҷот доданд…

Як бому ду ҳаво

Чаро Низом Қосим намехоҳад, ки ман узви Иттифоқи нависандагон бошам?

Шояд солмандии маро баҳона кунад? Зеро дар қабули ашхоси солманд ба аъзогии ИН гӯё маҳдудият ҳаст. Агар ин гуна маҳдудиятгузорӣ бошад, пас моҳияти он дар чист? Чунин маҳдудиятгузорӣ мутобиқи кадом қонуни ҳифзи ҳуқуқи башар аст? Охир, аъзои ИН будан вазифа нест, ҳеҷ гуна масъулият надорад. Барои чунин аъзогӣ маош намедиҳанд. Он танҳо номи ифтихорӣ буда, шахси аъзоро ба ягон кору амал уҳдадор намекунад. Солмандӣ ҳеҷ гоҳ ва дар ягон ҳолат ба эҷодиёти ӯ халал намерасонад. Чӣ тавре ки озодона эҷод мекард, ҳамон тавр эҷод кардан мегирад, ҳатто беҳтар. Чунки таҷрибаи зиндагиаш зиёд аст. Аз ин рӯ, моҳият, аҳамият ва мантиқи маҳдудиятгузорӣ барои одамони солманд тамоман нофаҳмост. Ҳастанд далелҳое, ки ҳатто барои худи кормандони сатҳи баланди ИН ҳам як чизи беаҳамият будани онро (агар бошад) исбот мекунанд. Масалан, бо ташаббуси шахсан Н. Қосим як ҳамкори собиқи худи маро, ки аз ман дида 3 моҳу 2 рӯз бузургтар аст, ба аъзогии ИН қабул карданд, ҳатто ғоибона! Ин гуна амалкарди Н. Қосим ва аъзои Раёсати ИН исботи фаъолияти думеъёраашон буда, собит месозад, ки дар ин ташкилот коргузорӣ аз рӯйи мақоли «Як бому ду ҳаво» аст. Зиёда аз ин, агар маҳдудияти синнусолӣ аҳамияте медошт, ҳеҷ гоҳ муовини аввали раиси ИН ба ҳамкорони масъули худ тавсия намедод, ки ҳуҷҷатҳои маро ба аъзогии ИН омода кунанд. Аз ин рӯ, агар Н. Қосим пешбарии маро барои солмандиам рад карда бошад, билкулл ноадолатӣ кардааст. Аммо маҳдудиятгузории синнусолӣ (агар бошад) истисно ҳам дорад. Пас Н. Қосим ба чӣ хотир ва бо кадом асос бастаи ҳуҷҷатҳои маро аз байни ҳуҷҷатҳои дигар довталабон гирифта, бо ин кораш ба Раёсати ИН имкон надодааст, ки ба узвияти ин ташкилот пазируфтан ё напазируфтанамро муҳокима кунанд?

Н. Қосим ҳақ надошт ин тавр кунад. Бо вуҷуди раис буданаш ҳуқуқ надошт ва надорад, ки дар масъалаи ба аъзогии ИН қабул кардан ё накардани довталабон яккатоз бошад. Ҳуҷҷатҳои на танҳо маро, балки аз ҳар каси дигарро низ аз аъзои раёсат пинҳон дорад ва дидаю дониста ҳам ҳуқуқи довталабон ва ҳам ҳуқуқи аъзои раёсатро поймол намояд. Чунки масъалаи қабул ба аъзогии Иттифоқи нависандагон танҳо ваколати раёсати он аст, ки ҳар довталабро таври коллегиалӣ бо овоздиҳии махфӣ қабул менамояд. Ҳар аъзои раёсат агар хоҳад, бо довталаб суҳбат мекунад, саволҳо дода, тавсияҳо медиҳад ва ғайра. Аъзои раёсат дар маҷмӯъ, 16 нафаранд, ки Н. Қосим яке аз онҳост ва баробари ҳар яке аз аъзо танҳо як овоз дорад ва бояд ҳамин як овозашро қатори дигарон бидиҳаду халос. Аммо ӯ дар нисбат ба ман ва аъзои раёсат ҳаракатҳои ба талаботи қонун номувофиқро содир кард. Яъне, аз ваколатҳои вазифавӣ берун баромада, аз мансаб сӯиистифода намуд.

Агар Низом Қосим ҳуҷҷатҳои маро ба раёсат пешниҳод мекард ва раёсат аъзогии маро рад менамуд, ба ман алам намекард. Вале як соат қабл аз маҷлиси раёсат номамро хат заданаш маро аз худ бехуд, бемору бистарӣ кард.

Пӯшида нест, ки сиёҳтарин ва гӯшношунидтарин воқеаҳо дар таърихи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар давраи раисии Н. Қосим гузаштаанд. Махсусан, ҳодисаи маро ба худсӯзӣ расонданаш ва чандин адибонро бе асос аз узвияти Иттифоқ ронданаш, дар таърихи ин Иттифоқ назир надорад. 

Муҳтарам Ҷаноби Олӣ вақти қасамёдкуниашон гуфтанд: «Ман шарафи шаҳрвандонро ҳимоя мекунам». Пас намеарзида бошад, ки аъмоли Н. Қосим диққати роҳбарияти ҷумҳурӣ, намояндагони ҳифзи ҳуқуқ, матбуот ва умуман ҷомеаро ба худ ҷалб кунад ва арзёбӣ шавад. Аз ӯ тақозо гардад, ки дар асоси кадом қонун ва кадом ҳуҷҷати меъёрии роҳбарикунии ташкилотҳо, махсусан ташкилотҳои ҷамъиятӣ чунин амалҳоро ба худ раво мебинад ва шаҳрвандонро ба ҳоли изтиробу ҳаяҷон бурда, ҳатто ба худқурбонкунӣ мерасонад?

Ҳасан Юсуфи ФАЙЗБАХШ

Тавсияномаҳо, ки адибон ба Ҳасан Юсуфи Файзбахш додаанд

Ман сиву як сол қабл аз ин «Билети хунолуд» ном қисми мустанади Ҳасан Юсуф Файзбахшро, ки ба ҳаёти қаҳрамононаи комсомолони аввалини шаҳри Қӯрғонтеппа (ҳоло Бохтар) Алӣ Худойбердиев ва хоҳари ӯ Сафаргул бахшида шудааст, мутолиа намуда будам. Босмачиёни хуншом ин бародару хоҳари фидокор ва ҷасурро, ки муборизони ҳаёти нав буданд, ба таври ваҳшиёна қатл менамоянд. Муаллиф доир ба шуҷоати ҷавонон маводи фаровоне пайдо намуда, асари таъсирбахше эҷод кардааст.

Солҳои минбаъда якчанд китобҳои хуби ин муаллифро хондам, ки ба ман писанд омаданд. Инҳо асарҳои мустанади ӯ «Санги диёр гавҳар аст», «Қассоси арӯс», «Тӯй муборак», «Фариштаи наҷот», «Суҳбат бо ҷавонон», «Роҳи пурпечи оила», «Як эркагии зан», «Ғозӣ Малик, қавм ва чилтанҳои ӯ» ва ғайра маҳсуб меёбанд.

Ҳасан Юсуфи Файзбахш ҳамчун қаламкаш барои ҳар як асараш маводи ҷолиб ва боэътимоде ҷамъ оварда, сипас онро бо забони шеваю салис ба риштаи тасвир мекашад. Бад ин ваҷҳ навиштаҳои ӯ ба мутолиа дилпазиранд. Барои эҷоди ҳар як асари худ муаллиф ҷиддан кӯшиш меварзад. Биноан Ҳасан Юсуфи Файзбахшро ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон сазовор меҳисобам.

Бахтиёр МУРТАЗО,

нависанда, публитсист

Ба чакидаҳои хомаи Ҳасан Юсуфи Файзбахш аз охири солҳои 70-уми асри ХХ шиносам. Тайи даҳсолаи охир ба асарҳои нисбатан калонҳаҷми ӯ ошноӣ пайдо намудам: «Карим Девона, ман ва ҳамдеҳагон», «Дар ин дунё Карим Девонае буд», «Ҳабибу адиб ва муҳибу мутриб», «Қасидаи истиқлол», «Фариштаи наҷот»…, асарҳоеанд, ки воқеан хонданианд ва ҷанбаҳои зиёди тарбиявӣ доранд. 

Асарҳои Файзбахш бо забонҳои ӯзбекӣ, рӯсӣ, форсӣ нашр гаштаанд. Як китобаш бо англисӣ (шакли электронӣ) чоп шуда, аз рӯйи ду филмномааш бо забонҳои русию англисӣ ва тоҷикӣ филмҳо офарида шудаанд. Файзбахш нисбати асарҳои нашрнамудаи чанде аз адибони тоҷик баёни андеша намуда, онҳоро аз назари хеш таҳлилу арзёбӣ намудааст, ки дар «Адабиёт ва санъат» ва ҳафтаномаҳои озод нашр шудаанд.

Хулоса, Ҳ. Ю. Файзбахш аз зумраи қаламкашони меҳнатӣ ва сермаҳсул буда, асарҳояш ҷанбаҳои адабӣ, фарҳангӣ, таърихӣ ва тарбиявӣ доранд. Бинобар ин, тавсия мекунам, ки ӯ ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шавад.

АТО ҲАМДАМ,

узви Иттифоқҳои нависандагони ҷумҳуриҳои

Тоҷикистон ва Беларус, барандаи Ҷоизаи олии адабии Покистон

“Бо Ҳасан Юсуфи Файзбахш ба туфайли як навиштааш, ки писандам афтод… шинос гаштам. Дар ҷустуҷӯяш афтодам, тавассути телефон пайдоаш намудам. Баъд вай… навиштаҳояшро меовард, мехондам. Барои ба узвияти Иттифоқи нависандагон қабул шуданаш тавсия хост, китобҳояшро овард: «Билети хунолуд» («Ирфон», 1989), «Номусу нанги миллат» («Ирфон» 1993), «Қӯрғонтеппа, сентябри хунин» («Ирфон», 1995), «Карим Девона, ормонӣ» («Ирфон», 2014).

Бале, китобҳояш зиёданд, беш аз даҳ номгӯй. Чандтоашро хондам. Аз ҷумла, қиссаи «Карим Девона, ман ва ҳамдеҳагон»-ро.  Қобили ситоиш ҳаст. Асари безаволи устод Ҳ. Назаров «Дар ҷустуҷӯи Карим Девона» ба хотир меояд.  Аз ин рӯ, ӯро ба узвияти ИН тавсия намуда бовар дорам, дар роҳи эҷод муваффақ мешавад.

Кароматуллоҳи МИРЗО,

Нависандаи халқии Тоҷикистон

Ҳасан Юсуфи Файзбахш услубу сабки эҷодии Ҳабайдулло Назаровро давом медиҳад… Мавзӯи асарҳои ӯ тасвири бадеии ҳаёти ҷомеа, тарбияи одамон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, ваҳдати халқ, худшиносӣ, бунёдкорӣ ва адабиётпарвариро ташкил медиҳанд.

Ӯ аксар маврид мавзӯъҳоеро ба таҳқиқ фаро мегирад ва симоҳоеро меофарад, ки дар назари аввал камаҳамият менамоянд, аммо бо қаламу маҳорати Ҳасан Юсуфи Файзбахш образҳои мондагор насиҳатгар мешаванд. Ӯ аз чизи одӣ образи нишонрасро офарида метавонад.

Меарзад, ки Ҳасан Юсуфи Файзбахш ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шавад.

Султонмуроди ОДИНА,

узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон

Ҳасан Юсуфи Файзбахшро дер боз мешиносам. Навиштаҳои ӯ, очерк, лавҳа ва сафарномаҳои пайваста дар рӯзномаю маҷаллаҳои даврӣ ба табъ мерасанд. Нахустин очерки вай «Билети хунолуд» соли 1989 аз тариқи нашриёти «Ирфон» аз нашр баромадааст. Баъди он Ҳасан Юсуф бо публисистика ба таври ҷиддӣ рӯй оварда, дар як муддати кӯтоҳ як силсила қиссаву очеркҳои мустанад офаридааст.

Ҳасан Юсуфи Файзбахш адиби заҳматкаш буда, дар ҳамаи жанрҳои адабӣ асар эҷод мекунад. Аз ин рӯ, месазад, ки Ҳасан Юсуфи Файзбахш ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шавад.

Маҷид САЛИМ,

нависанда, узви ИН Тоҷикистон

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.