Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Қазоқистон барои Тоҷикистон квотаи гандум ҷорӣ кард

Қазоқистон то моҳи августи соли 2020 ба Тоҷикистону Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Афғонистон барои содироти гандум ва орд маҳдудият ҷорӣ кард.

Ин кишвар дар доираи ҳисса ва ё квотаи муайяншуда мефурӯшад. Қазоқистон аз аввалин кишварҳои минтақа аст, ки паҳншавии коронавирусро дар ҷумҳурӣ тасдиқ кард ва вазъи фавқулода ҷорӣ намуд. Вазорати кишоварзии Қазоқистон 30-юми март бо нашри изҳороти расмӣ гуфт, ки «барои таъмини ниёзҳои дохили кишвар ба гандум ва ҳифзи миқдори зарурии хӯроки чорво ҳангоми вазъияти фавқулода» содироти гандумро маҳдуд мекунад.
Ба гуфтаи вазорат, маҳдудият то 1-уми августи соли 2020 идома мекунад ва то он замон содироти гандуму орд дар доираи квота ё ҳиссаҳои қаблан муайяншуда содирот хоҳанд шуд. Ҳаҷми ҳиссаҳоро ҳар моҳ Вазорати кишоварзии Қазоқистон муайян мекунад.
Вазорати кишоварзии Қазоқистон квотаи содироти гандумро барои Тоҷикистону Узбекистон, Қирғизистон ва Афғонистон дар моҳи апрели соли равон 200 ҳазор тонна ва ҳиссаи ордро 60 ҳазор тонна муайян кардааст. Ин дар ҳолест, ки талаботи моҳонаи Тоҷикистон ба гандум 90 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Тоҷикистон беш аз 60 дарсади ниёзи дохилиашро барои орд аз ҳисоби воридоти гандуми Қазоқистон таъмин мекунад.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.