Қотили генералро пайдо карда, куштанд

Зимни як амалиёти нерӯҳои амниятӣ қотили генерал Ҳоҷӣ Оғо Гул Қатағанӣ кушта шуд хабар медиҳад мақомоти амниятии вилояти Тахор.

Муҳаммад Тамим, сухангӯи раёсати амнияти вилояти Тахор дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон хабар додааст, ки террористе, ки дар шаҳодати генерал Абдулҳанон Қатағанӣ (Ҳоҷӣ Оғо Гул Қатағанӣ) нақш дошт, кушта шуд.
“Як шаҳрванди кишвари Ӯзбекистон ба исми мустаори Муҳаммад, ки аз шахсони боэътимоди гурӯҳи террористии Толибон*, ки дар шаҳодати генерал Абдулҳанон Қатағанӣ нақш дошта, дар рафти даргирии имшаб дар атрофи шаҳри Толиқон тавасути нерӯҳои амниятӣ ба ҳалокат расид”, иброз дошт сухангӯи раёсати амнияти вилояти Тахор.

Ёдрас мешавем, ки чанде пеш аз шаҳодати Ҳоҷӣ Оғо Гул Қатағанӣ яке аз раҳбарони муқовимати мардумӣ алайҳи Толибон* дар вилояти Тахор Муҳибуллоҳ Нурӣ ба Sputnik Тоҷикистон хабар дода буд, ки Ҳоҷӣ Оғо Гул Қатағанӣ бо нерӯҳояш дар самти Дарознови шаҳри Толиқон бо нерӯҳояш даргири ҷанг бо Толибон буд.

“Ӯ як фармондеҳи матраҳи хезишҳои мардумӣ буд. Чанд рӯзи пеш Толибон манзили ӯ дар шаҳри Толиқон ҳадаф гирифтанад ва дар натиҷа писараш ҳам захмӣ шуда буд. Дирӯз бегоҳ хабар расид, ки ҳангоми набард аз тири Толибон генера ба шаҳодат расидааст”, — гуфт Муҳибуллоҳ Нурӣ.
Ҳоҷӣ Оғо Гул Қатағанӣ аз ноқилини паштуни Шимол аст, ки бобояш замони Нодирхон аз вилояти Лугар ба Тахор омада, дар минтақаи Қарабарчови марбути шаҳри Толиқон сукунат ихтиёр карда буданд.

Ва дар ҳамин замина Нурӣ мегӯяд: “Марги ӯ як талафоти бузурге барои муқовимати зиддитолиб дар Тахор аст. Ҳарчанд паштунҳо аксар ҳамқавмҳояш буданд, аммо ӯ аз ақидаи худ ҳеҷ гоҳ, ҳатто бар ивази пулҳои ҳангуфт, нагашт, роҳашро тағйир надод ва ҳамразмонашро нафурӯхт”.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *