Ҳалокати ноболиғ дар садама

Далерҷон Умронови 14-сола, хонандагони синфи 7-уми МТМУ, сокинони шаҳри Конибодом зери чархи мошин монда ҷон дод.

 Тавре ВКД хабар медиҳад, рӯзи 8-уми январи соли 2020, тахминан соати 10:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», Каримов Турсуналӣ Валиевич, соли таваллудаш 1992, сокини шаҳри Конибодом, ҳангоми ҳаракат дар роҳи нақлиётгарди «Конибодом-Хуҷанд», дар 32-юм километри ҳудуди деҳаи Ниёзбек аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада велосипедрони ноболиғ Рӯзибоев Бахтиёр Ғуломович ва Умронов Далерҷон Дилмуродович, соли таваллудашон 2006, хонандагони синфи 7-уми МТМУ, сокинони шаҳри Конибодомро пахш кардааст.

Дар натиҷа ноболиғон ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шуданд. Ноболиғ Урмонов Д.Д. дар натиҷаи хунравии зиёд дар беморхона  ба ҳалокат расидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *