Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Ҳанифа Мавлонова: Мехоҳам дар Ватан бимирам

Имрӯз операсарои касбии тоҷик ва профессори соҳаи санъат Ҳанифа Мавлонова зодрӯз дорад ва бо ин баҳона мо матлаби Одил Нозирро пешкаш менамоем.

Васияти иҷронашудаи Ҳанифа Мавлонова

Ӯ аввалин зан-операсарои касбии тоҷик, аввалин зан-профессори соҳаи санъати академӣ ва аввалин зан-устоди сарояндагии академӣ буд. Тамоми умр барои миллати тоҷик, барои рушди санъати опера ва Шашмақом талош кард, даҳҳо шогирдонро ба камол расонид, аммо дар танҳоӣ ва ҷудоӣ аз Ватан ҷон дод. Рӯзҳои охири умр борҳо мегуфт: — Мехоҳам дар Ватан бимирам, аммо касе садои ӯро намешунид…  Сухан аз Ҳунарпешаи халқии СССР Ҳанифа Мавлонова аст…

Оғози парвоз

Ҳанифа Мавлонова 30 январи соли 1924 дар шаҳри бостонии Хуҷанд ба дунё омадааст. Кӯдакии вай ба даврони тағйироти куллӣ дар ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоӣ рост омад. Инқилоби коммунистӣ Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар Хуҷанд ғалаба карда, дар ҳаёти мардуми ин куҳаншаҳри бостонӣ таҳаввулоти ҷиддӣ ворид мекард.

Падари Ҳанифа ҳанӯз дар кӯдакиаш реҳлат карда, ӯро падарандар Муҳиддин Мавлонов тарбия мекард. Ин ном он замон барои мардуми Хуҷанд ба хубӣ ошно буд, зеро ин мард бо вуҷуди устои чирадаст будан, сарояндаи хуби Шашмақом буд. Маҳз Муҳиддин Мавлонов ба қалби Ҳанифа меҳри мусиқиро ҷой кард ва аввалин устоди ӯ гардид.

Муҳити фарҳангии шаҳри Хуҷанд барои Ҳанифаи кӯчак имкон медод, ки истеъдодашро сайқал диҳад. Бинобар ин, вай ба Омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Хуҷанд (Ленинобод) дохил шуда, соли 1936 онро хатм кард ва  дар театри тамошобини наврас ба кор пардохта, то соли 1939 дар ин даргоҳ фаъолият намуд. Солҳои 1939-1943 Ҳанифа дар Театри мазҳака-мусиқии шаҳри Ленинобод фаъолият намуд.

Ӯ дар саҳнаи ин ду театр даҳҳо суруди Шашмақом ва халқиро иҷро кард ва нақшҳои марғуб офарид. Яке аз нақшҳои муҳими вай, ки дар саҳнаи театри Хуҷанд иҷро кардааст, нақши Санавбар дар драмаи мусиқии «Санавбар»-и Раҳим Ҷалил буд. Маҳз ҳамин нақш сабаб шуд, ки Ҳанифаро ба пойтахти кишвар даъват карданд ва дар Театри опера ва балети ба номи С. Айнӣ ба кор гирифтанд.

Авҷи шуҳрат

…Аммо Ҳанифаро мебоист рӯзҳои тоқатфарсоро пушти сар кунад. Чун опера дар Тоҷикистон санъати нав ва барои Ҳанифа комилан ношинос буд, фаъолияти ӯ дар Театри опера ва балет аз омӯзиш оғоз шуд. Вай се сол нозукиҳо ва асосҳои санъати операро аз устоди вокал Прокофев, саркоргардони театр Корох ва консертмейстер Жирова омӯхта, баъдан ҳамчун овозхони касбӣ ба ҳайати эҷодии театр шомил шуд. Ниҳоят ба ин кифоя накарда,  соли 1952 Ҳанифа Мавлонова ба  Консерваторияи давлатии шаҳри Маскав дохил шуда, таҳти роҳбарии яке аз устодон ва овозхонҳои маъруфи Иттиҳоди Шӯравӣ Белявская, соли 1959 онро хатм кард.

Ҳамин тавр, Ҳанифа Мавлонова дар радифи аввалин поягузорони мусиқии касбии тоҷик дар бунёд ва ташаккули операи миллӣ саҳми пурарзиш гузошт.

Ин ҷо шояд суоле пайдо шавад, ки чаро дар оғоз Ҳанифа Мавлоноваро аввалин зан-операсарои тоҷик гуфтем? Ҳол он ки нахустин зани операсаро дар кишвар Ҳунарпешаи халқии СССР Тӯҳфа Фозилова мебошад. Бале, Тӯҳфа Фозилова аз рӯзҳои нахустини таъсис ёфтани Театри опера ва балети Тоҷикистон дар саҳнаи он ҳунарнамоӣ карда, даҳҳо партияҳои муҳимро иҷро кард, аммо Ҳанифа Мавлонова аввалин зани тоҷик аст, ки Консерваторияи Маскавро маҳз бо ихтисоси мусиқии академӣ хатм кардааст. Яъне, ӯ аввалин занест, ки операсарои касбӣ буд.

Донишу таҷрибаи омӯхтаи ӯ аз мактаби вокали рус, ки дорои равоншиносии нозуку вижа мебошад, ба ҳунарпеша дар иҷрои беҳтарин партияҳо (нақшҳо) дар операҳои машҳури ватаниву ҷаҳонӣ мусоидат намуд.

Садои ҷаззобу марғуладор ва гирои вай, ки сопранои лирикӣ-драмавист, ба ӯ имкон доданд, ки дар нахустин операҳои тоҷикӣ, аз қабили «Тоҳир ва Зӯҳро» ( нақши Зӯҳро), «Хосият» (нақши Хосият)-и А. Ленской, «Домоди номдор»-и  С. Урбах (дар нақши Сурма), «Пӯлод ва Гулрӯ»-и Ш. Сайфиддинов (дар нақши Гулрӯ), «Бозгашт»-и Ё. Сабзанов (дар нақши Малоҳат), «Комде ва Мадан»-и З. Шаҳидӣ (дар нақши Мадан) партияҳои муҳимтаринро иҷро кунад. Бо омадани Ҳанифа Мавлонова санъати операи кишвар, рӯҳияи миллӣ гирифт. Театршинос Низом Ҳабибуллоевич Нурҷонов мегуфтанд, ки маҳз Ҳанифа Мавлонова санъати операро тоҷикӣ кард ва миллӣ сохт.

Аммо Ҳанифа Мавлонова бо операҳои миллӣ маҳдуд нашуда, беҳтарин партияҳоро аз асарҳои ҷаҳонӣ низ иҷро кардааст.  Татяна аз «Евгений Онегин,  Лида аз «Хонуми сиёҳ»,  Мария аз «Мозеппа»-и П. Чайковский, Тоска «Тоска»-и Ҷ. Пуччини, Ярославна аз «Княз Игор»-и А.П. Бородин, Леонора аз «Трубадур» Аида аз «Аида» ва Дездемона аз  «Отелло»-и Ҷ. Верди  беҳтарин нақшҳои иҷрокардаи ӯ ҳастанд.

Низом Нурҷонов дар асарҳои худ Ҳанифа Мавлоноваро ҳамчун беҳтарин иҷрокунандаи нақши Дездемона арзёбӣ мекунад.

Дар баробари ҳунари операсароӣ Ҳанифа Мавлонова   бо истеъдоди баланд  ҳам сурудҳои классикии миллӣ, ганҷи шойгони мусиқии суннатии тоҷикон Шашмақом ва ҳам, ҳам оҳангҳои оҳангсозони ватаниву хориҷиро дар сабки мусиқии муосир ва классикии ҷаҳонӣ бо маҳорати том иҷро мекард.

Ҳанӯз ҳам ӯро ҳамчун устоди Шашмақом мешиносанд.  Даҳҳо сурудҳои ӯ имрӯз дар хазинаи тиллоии Радиои Тоҷикистон маҳфузанд.

Ба эҷодиёти пурбору рангини ӯ дар бисёр саҳнаҳои бузурги собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва мамолики хориҷӣ, мисли Эрону Афғонистон, Ҳиндустону Туркия, Канадаву Лаҳистон, Муғулистону Ветнам кафкӯбӣ намуда, аҳсан гуфтаанд.

Ин ҳунарпеша аз рӯзи нахустини таъсис ёфтани факултети санъат дар Донишкадаи давлатии омӯзгорӣ (баъдан соли 1974 ин факултет ба Донишкадаи санъат асос гузошт) то соли 1993 ба ҳайси мудири бахши овозхонӣ ва тайёрии операвӣ ҳамчун устод фаъолият намуда, даҳҳо шогирдони номвар тарбият намудаву ба камол расонид.

Ғурбат, танҳоӣ ва марг…

Ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ба касе амон намедод. Дар ин давра касе ба аҳли ҳунар таваҷҷуҳ зоҳир намекард. Аз ҷумла, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (1951), Ҳунарпешаи халқии СССР (1968), барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Рӯдакӣ (1968), барандаи Ордени Ленин, Ордени «Дӯстии халқҳо», Ордени «Шараф», Медали солист-вокалистҳои Берлин Ҳанифа Мавлонова ба гӯшаи фаромӯшӣ афтода буд.

Дар ин давра ба сари ҳунарпешаи овозадори Иттиҳоди Шӯравӣ Ҳанифа Мавлонова ғаму кулфати зиёде омад. Қабл аз он даҳшатҳо писари калонии ӯ Икром бо марги бемаҳалу ногаҳонӣ дили модарро мотамсаро карда буд. Он солҳои даҳшатбор марги шавҳар ва кушта шудани бародар дили ҳассоси ҳунарпешаро аз зиндагӣ сард гардонид ва ӯ ҳавлии худро ба яке аз мансабдорони Тоҷикистон фурӯхта, тарки Ватан намуд ва то охири умр дар Маскав зист.

Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Ортиқи Қодир хотироти худро дар мавриди рӯзҳои охири умри Ҳанифа Мавлонова чунин нақл мекунад:

«Банда 8 сол қабл бо Ҳанифа Мавлонова дар Хонаи марказии адибони Русия дар як маҳфили муштараки дӯстӣ вохӯрдам. Он шаб Ҳанифа Мавлонова дар он маҳфил ду тарона хонд. Яке суруди «Дӯстонро гум макун» (шеъри Мирзо Турсунзода) ва дигаре суруди «Намерафтӣ ту аз ёдам» (шеъри А.Шукӯҳӣ). Ва гумон мекунам, ки ин охирин ҳунарнамоии ҳунарпеша дар саҳна буд…

Баъди анҷоми маҳфил ман бо Ҳанифа Мавлонова суҳбате доштам, ки тафсилоти онро ба шакли мусоҳиба дар ҳафтаномаи «Чархи гардун» чоп намудам. Дар он суҳбат Ҳанифабону бо дард иброз дошт, ки замоне ягон ҷашну чорабинии ҳукуматӣ, ягон базму маҳфилҳои ҳунарӣ дар Тоҷикистон бе ширкати ӯ намегузашт. Инак, бо тақозои қисмат ӯ  дар ғурбат аст ва дар як хонаи якҳуҷрагӣ тамоман танҳост…

Ин ҳунарпешаи куҳансоли барҷомонда ба ман чунин гуфта буд: «Ба касе даркор (лозим) нестам, касе ба пурсишам намеояд, парастореву нигаҳбоне ҳам надорам. Унвону мукофотҳои собиқам ҳам шафоате намекунанд. Рӯзам ба нафақа мондааст».

Вай афзуд: «Духтарам Гулнора бо шавҳараш, ки юнонист, ҳоло дар Қибрис ҳамроҳи ду набераам зиндагӣ доранд. Писари дувумам Инъом дар дигар гӯшаи дури Маскав ба бемории фалаҷ гирифтор асту худ ба парасториву нигаҳбонӣ ниёз дорад… Заъфи пирӣ азобам медиҳад. Мехоҳам дар Тоҷикистон бимирам, дар Душанбе хок шавам…»

Гарчанде мусоҳибаи Ортиқи Қодир дар ҳамон солҳо нашр шуда буд, касе ба орзуи ягонаи Ҳанифа Мавлонова таваҷҷуҳ накард ва ӯ дар танҳоӣ, дар ғарибӣ, дар хонаи танг, дар тангдастӣ, 24 октябри соли 2010, дар синни 86 — солагӣ ҷон дод. Хушбахтона, ҷанозаи марҳум ба Душанбе оварда шуд ва маросими видоъ бо ӯ дар майдони назди Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ баргузор гардид. Мазори ӯ имрӯз дар қабристони Сариосиёи шаҳри Душанбест…


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.