Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Ҳавои баҳорӣ дар Душанбе

Тибқи иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон имрӯз  рӯзона ҳаво дар шаҳри Душанбе то ба 16+18 дараҷа гарм мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бошад ҳаво тағйирёбандаи   бебориш аст.  Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 0-5, дар баъзе ноҳияҳо то 7-12 дараҷа хунук ва  рӯзона  5+10  дараҷа  гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбанда  шуда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як  сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0+5 ва рӯзона 11+16 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 2-7 дараҷа хунук  ва   рӯзона    4+9 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст.  Туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати  2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона 15+20  дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм  ва рӯзона 12+17 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад.   Туман мефарояд.  Шамол аз самти шарқ  бо суръати 2-7  метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 0+5  ва рӯзона 13+18  дараҷа гарм мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 0+5 дараҷа гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 5-10 дараҷа хунук ва  рӯзона аз 0+5 то 4+9 дараҷа гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 2-7 метр дар як сония   мевазад.  Ҳаво шабона 0+2 ва  рӯзона 16+18 дараҷа гарм мешавад.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.