Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Ҳукумати Русия ба истеъфо меравад?

«Мо ҳамчун ҳукумати Федератсияи Русия, бояд ба президенти кишвар имкон фароҳам орем, то ҳамаи қарорҳои заруриро қабул кунад. Дар чунин шароит, ман фикр мекунам, ки ба истеъфо рафтани ҳукумати Федератсияи Русия пешниҳоди дуруст аст», — гуфт Медведев.

Бояд ёдовар шуд, ки дархости истеъфои Ҳукумати Русияро Дмитрий Медведев пас аз ирои паёми солонаи Президенти феълии Русия Владимир Путин изҳор намуд.

Аз ҷониби дигар Владимир Путин азмашро барои таъсиси мақоми муовини раиси Шӯрои амнияти Федератсияи Русияро баён дошта, ба ин мақом Дмитрий Медведевро пешниҳод кард.

Пешниҳоди Медведев ба мақоми ноиби раиси Шӯрои амнияти Русия дар ҳолест, ки роҳбарии ин Шӯроро худи Владимир Путин ба уҳда дорад.

Зимнан, ҳайати феълии ҳукумат ҳанӯз 18 — уми майи соли 2018 ташкил карда шуд. Ҳукумат таҳти роҳбарии Медеведев аз 32 аъзо иборат буд.

Қобили зикр аст, ки бори нахуст ҳукумати Медеведев 7 — уми майи соли 2018 пас аз савгандёдкунии Владимир Путин истеъфо дода буд.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.