Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Ҳадафи Толибон нобуд кардани пешвоёни муқовимат, ба хусус Аҳмад Масъуд аст!

Сафири Афғонистон дар Душанбе мегӯяд, Толибон* ҳеҷ гоҳ бо раҳбарони муқовимат дар Панҷшер музокира нахоҳанд кард.

01 сентябр. Ҷунбиши Толибон* ният дорад раҳбари Ҷабҳаи муқовимати Афғонистон дар Панҷшер Аҳмад Масъудро нобуд созад ва бо намояндагони муқовимат музокира нахоҳад кард, гуфт сафири Афғонистон дар Тоҷикистон Муҳаммад Зоҳир Ағбар дар мусоҳиба бо РИА Новости.

“Толибон ҳеҷ гоҳ бо онҳо гуфтушунид нахоҳанд кард, онҳо сиёсатмадор не, балки террористҳое ҳастанд, ки се сол пеш дар рӯйхати созмонҳои мамнӯъ дар бисёр кишварҳои ҷаҳон буданд”, – гуфт сафир.

“Онҳо мағрур ва таҷовузкоранд, ҳадафи онҳо ба зону задани тамоми Афғонистон аст. Онҳо ба ҳеҷ шарти музокироти Доҳа розӣ нестанд. Ҳадафи онҳо нобуд кардани пешвоёни муқовимат, ба хусус Аҳмад Масъуд аст”, – гуфт дипломат.
Пас аз он дар Афғонистон ҳукумати давраи гузариш таъсис ёфт, ки ба он вазири собиқи умури дохилӣ Аҳмад Ҷалолӣ раҳбарӣ мекард.

Дар робита ба ин Ашраф Ғанӣ аз мақоми сарвари давлат истеъфо дод ва фирор кард.

Ягона вилояти Панҷшер, дар шимолу шарқи Кобул дар зери назорати онҳо нест.
Раҳбари Ҷабҳаи муқовимати Афғонистон дар Панҷшер Аҳмад Масъуд, писари раҳбари “Эътилофи Шимол” марҳум Аҳмадшоҳи Масъуд аст.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.