Ҳайвонсифате ҷазои якумра гирифт. Гузориш аз толори суд

15 сентябри соли 2020 дар толори судии суди шаҳри Душанбе дар маҷлиси пӯшидаи судӣ дар ҳайати раисикунанда – судяи суди шаҳри Душанбе Нарзуллозода Ш.Н., машваратчиёни халқӣҚосимова З. ва Забирова М., бо котибии Насриддинов Б. ва Мирзомуродов М.А., бо иштироки айбдоркунандаи давлатӣ Раҳимов С. баррасии парвандаи ҷиноятӣ нисбатиИсанов Турғунҷон Жураевич бомоддаҳои 138 қисми 3 банди «а” ва 139 қисми 4 банди «а” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба итмом расид.

Суд муайян кард, ки Исанов Турғунҷон Жураевич, моҳи августи соли 2016 бо шаҳрванд Соева Заррина Файзуллоевна, ки аз шавҳараш ҷудо шуда, соҳиби 2 фарзанд – ноболиғон Б. соли таваллудаш 2008 ва М. соли таваллудаш 2011 буд, бо тариқи никоҳи мусалмонӣ оила барпо намуда, аз зиндагии якҷояашон соҳиби 1 фарзанд гардидаанд.

Номбурда ноболиғон Б. ва М.-ро ҳамчун фарзанд қабул намуда, дар тарбияи худ қарор додааст. Исанов Т.Ж. дидаю дониста, ки Б. бараъло ноболиғ буда, дар ҳолати оҷизӣ қарор дошта, ба синни чордаҳсолагӣ нарасидааст, тахминан 25-26 августи соли 2018, ҳангоми дар шаҳри Душанбе, зиндагонӣ карданашон, аз набудани ҳамсараш Соева З.Ф. истифода бурда, бо мақсади анҷом додани ҳаракати дорои хусусияти шаҳвонӣ дошта, ноболиғ Б.-ро бо таҳдиди истифодаи зўроварӣ бараҳна карда, олоти мардонагиашро ба маҳбали ноболиғ Б. молиш дода, бо ин восита нафси шаҳвониашро қонеъ намудааст.

Боз ў, такроран охирҳои моҳи ноябри соли 2019 ҳангоми дар деҳаи Рохарв ҷамоати деҳоти М.Абдуллоеви ноҳияи Ванҷи ВМКБ зиндагонӣ карданашон, ҳамсараш Соева З.Ф-ро барои ҳал намудани баҳсҳои судиашон ба шаҳри Душанбе равон карда, дар ҳолати мастӣ ба манзили истиқоматии иҷоравиашон омада, аз фурсати дар хона ҳузур надоштани ҳамсараш истифода намуда, бо мақсади анҷом додани ҳаракати дорои хусусияти шаҳвонӣ дошта, ноболиғ Б.-ро бо таҳдиди истифодаи зўроварӣ бараҳна карда, олоти мардонагиашро ба маҳбали ноболиғ Б. молиш дода, бо ин восита нафси шаҳвониашро қонеъ намудааст. Исанов Т.Ж. баъди бо ноболиғ Б. анҷом додани ҳаракати дорои хусусияти шаҳвонӣ дошта, охиронро таҳдид кардааст, ки ба модараш арз накунад.

Ҳамчунин ў, такроран охирҳои моҳи ноябри соли 2019 ҳангоми дар деҳаи Рохарв ҷамоати деҳоти М. Абдуллоеви ноҳияи Ванҷи ВМКБ зиндагонӣ карданашон, ҳамсараш Соева З.Ф-ро барои ҳал намудани баҳсҳои судиашон ба шаҳри Душанбе равон карда, дар ҳолати мастӣ ба манзили истиқоматии иҷоравиашон омада, аз фурсати дар хона ҳузур надоштани ҳамсараш истифода намуда, бо истифодаи зўроварӣ бо номуси ноболиғ Б. таҷовуз кардааст. Баъди алоқаи ҷинсӣ намудан, номбурда ноболиғ Б.-ро таҳдид кардааст, ки ба модараш арз накунад.

Тибқи санади тадқиқоти (шаҳодатгардонии) тиббӣ-судӣ таҳти №** аз ..2020 сол ягонагии анатомӣ-физиологии пардаи бакорати ноболиғ Б. вайрон шудааст. Муҳлати вайроншавии он бинобар сиҳат ёфтани канорҳои дариш ғайриимкон мебошад.

Инчунин ў, ба ин кирдорҳои ҷинояткоронаи худ қаноат накарда, бо мақсади анҷом додани ҳаракатҳои зўроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ, яъне бачабозӣ, моҳи майи соли 2020, дидаю дониста ки ноболиғ М. ҳанўз ба синни чордаҳсолагӣ нарасида, дар ҳолати оҷизӣ қарор дорад, ҳангоми дар манзили истиқоматӣ дар шаҳри Душанбе, танҳо буданашон, номбурдаро маҷбур кардааст, ки ба зону истода, маҳлули равғанмонандро дар маъқадаш истифода барад. Ноболиғ М. аз тарс маҳлулро дар маъқадаш истифода бурда, Исанов Т.Ж. бо истифодаи зўроварӣ як маротиба олоти мардонагиашро дар маъқади ноболиғ М. ворид карда, нафси шаҳвониашро қонеъ намудааст.

Тибқи санади тадқиқоти (шаҳодатгардонии) тиббӣ-судӣ таҳти №* аз .. 2020 сол дар маъқади ноболиғ М. изи таркиш дар ҳошияи маъқад мушоҳида гардид, ки ин яке аз аломатҳои алоқаи ҷинсӣ намудан бо маъқад мебошад.

Дар асоси гуфтаҳои боло зикргардида ва бо дастрасии моддаҳои 332-335, 337-339, 341-344, 347-348, КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон суд чунинҳукм кард;

Исанов Турғунҷон Жураевич бо моддаҳои 138 қисми 3 банди «а” ва 139 қисми 4 банди «а” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ў ҷазоҳои зерин таъин карда шуд:

– бо моддаи 138 қисми 3 банди «а” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо дар намуди якумра аз озодӣ маҳрум сохтан,

– бо моддаи 139 қисми 4 банди «а” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 20 (бист) сол,

Дар асоси қисми 4 моддаи 67 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Исанов Турғунҷон Жураевич барои маҷмўи ҷиноятҳо, бо роҳи ҷазои сабуктарро дар бар гирифтани ҷазои якумра аз озодӣ маҳрум сохтан, ҷазои ниҳоӣ якумра аз озодӣ маҳрум сохтан бо адо намудани ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дорои низомаш махсус, таъин карда шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *