Ҳалокати 11 сарбози навдаъватшуда дар пайи чаппа шудани мошин

Дар Серҳатобод (собиқ Кушка) 11 сарбози нав даъватшуда аз отряди сарҳадии Тахтабозори Туркманистон дар пайи чаппа шудани мошини низоми баҳалокат расидаан. Дар ин бора “turkmen.news” хабар медиҳад.

Бино ба иттилои манбаъ 40 сарбоз ва як фармондеҳи ҳарби ҳангоми ба пистағундори рафтан ба фалокат дучор омадаанд.
«Релефи он ҷо мушаххас, теппаҳо, нишебҳои баланд ва роҳҳо бад аст» гуфт манбаъ. — Ҳанӯз маълум нест, ки мошини ҳомили сарбозон бо кадом сабаб чаппа шудааст. Тибқи баъзе фарзияҳо ронанда идоракуниро аз даст дода ба ҷари сарозер шудааст.  Манбаъ меафзояд, ки эҳтимол сафи ҳалокшудагон зиёд гардад, чунки шумораи захмиёни ҳолаташон вазнин зиёданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *