Ҳалокати ронандаҳои таксӣ дар садама

Санаи 19-уми майи соли 2020, ронандаи автомашинаи тамғаи “Ниссан” аз уҳдаи идораи нақлиёт набаромада ба автомашинаи тамғаи «Хундай» бархурд мекунад, ки боиси марги ҳарду ронанда мегардад. Дар ин бора дафтари ВКД хабар медиҳад.

Бино ба иттилои манбаъ Исматов Абдулқосим Сафиевич, соли таваллудаш 1984, ҷойи кораш ронандаи ширкати “Рахш-Таксӣ”, сокини кӯчаи Ҳ.Шерозии пойтахт ҳангоми ҳаракат аз самти хиёбони Рӯдакӣ ба самти кӯчаи Варзишгарон, дар назди “Боғи Ҳайвонот” аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи “Хундай”, таҳти идораи ронанда, Каримов Абдуваҳҳоб Абдуҷабборович, соли таваллудаш 1985, ҷойи кораш ронандаи ширкати “Олуча-Таксӣ”, сокини шаҳри Ҳисор, бурхӯрдааст. 

Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Ниссан”, Исматов А.С. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Ронандаи автомашинаи тамғаи “Хундай”, Каримов А.А. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона соати 21:05-дақиқа, ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *