Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Ҳалокати як зан дар карантини Бохтар

Корманди 58-солаи беморхонаи шаҳри Бохтар, ки гурӯҳе аз сокинон дар он ҷо дар карантин нигаҳ дошта мешаванд, фавтид.

Аммо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоииа аҳолии Тоҷикистон рӯзи 13-уми апрел бо нашри як баёнияи расмӣ гуфт, Оишамоҳ Алимова, ки дар Шифохонаи маркази вилоятии шаҳри Бохтар кор мекард, бемории сил дошта ва рӯзи 12-уми апрел бар асари «илтиҳоби мобайнии ҳарду шуш, гипертрофияи меъдачаи чапи дил ва атеросклерози шоҳраг фавтид».

Гуфта мешавад, ки шифохонаи мазкур дар маркази вилояти Хатлон гурӯҳе аз шаҳрвандони Тоҷикистон нигаҳ дошта мешаванд, ки аз хориҷ ва бахусус аз Русия омадаанд ва бояд барои муоинаи доимии 14 доимии рӯза дар онҷо бимонанд.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, то кунун дар кишвар ягон мавриди сирояти коронавируси нав сабт нашудааст. Вале азбаски дар кишварҳои ҳамсояи Чину, Узбекистону Қирғизистон беморӣ ба ҳазорон нафар сироят кардааст, баъзе аз шаҳрвандон ба набудани каронавирус дар кишвар, ба гуфтаҳои мақомоти расмӣ, шубҳа доранд.

Айни замон ҳар касе, ки аз хориҷ меояд, бар асоси муқаррарот ҳадди аққал 14 рӯз дар карантин нигаҳ дошта мешавад.

Дар баёнияи вазорат омадааст, дар сурати ба қайд гирифтани коронавирус дар Тоҷикистон, “вазорати тандурустӣ расман онро тасдиқ ва эълон хоҳад кард, зеро “пинҳон нигоҳ доштани сироят ба нафъи ҳеҷ кишваре нахоҳад буд.”

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.