Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Ҳама ба намози ҷумъа! Масҷидҳо дар кишвар боз мешаванд!

Шуруъ аз санаи 20 март, дар Тоҷикистон дари масҷидҳо боз мешаванд ва намозгузорон метавонанд намозҳои панҷвақта ва ҷумъаро адо намоянд. Тайи чанд рӯзи охир бо сабаби чораҳоим пешгирӣ аз короновирус масоҷид дар кишвар баста буданд.

Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон дар таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, маъракаи зиддиуфунӣ кардан ё дезинфексияи масҷидҳо ба анҷом расида, аз бомдоди рӯзи 20 март намозгузорон метавонанд намозҳои панҷвақта ва намози ҷумъаро дар масҷидҳои ҷомеъ адо намоянд.
“Маъракаи зиддиуфунӣ кардан ва корҳои профилактикӣ дар масҷидҳо бо талошу ибтикори худи иттиҳодияҳои динӣ ба анҷом расида, Кумита ва Шӯрои уламо ба ин натиҷа расиданд, ки шароити намозгузорӣ фароҳам шудааст ва мардум метавонанд ба масҷидҳо ва ҷамоатхонаҳо барои адои намози ҷамоат раванд”, — гуфт Афшини Муқим.
Кумитаи дин аз афроде, ки сиҳатияшон хуб несту гирифтори табу сулфаянд, хоҳиш намудааст, ки ба далели бехатарии атрофиён ба намозҳои ҷамоат ҳозир нашаванд.
Намозгузорони тоҷик охирин бор бегоҳи 3 март намози хуфтанро ба ҷамоат адо карда буданд. Баъди ин бо делели пешгирӣ аз короновирус дари масоҷид баста буд.
Боз шудани масҷидҳо дар ҳолест, ки дар ҷаҳон коронтини сахт эълон шуда, ҳатто дарҳои Макка ба рӯйи намозгузорон баста аст.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.