Ҳамдеҳаашро кушту ғайб зад…

Ҷавони 20 -солаи ноҳияи Рашт ҳамдеҳаашро кушту боздошт шуд.
Бино ба гузориши Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ин ҳодисаи нангин рӯзи 12 июл рух додааст.

Гуфта мешавад, ки кормандони милитсия сокини 20 -солаи деҳоти Б.Раҳимзодаи ноҳияи Раштро бо гумони содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир карданд.
Номбурда, рӯзи 12-уми июл, тахминан соати 18:00 дар деҳаи Яшми ҷамоати деҳоти Б.Раҳимзодаи ноҳияи мазкур аз рӯи хусумати шахсӣ бо сокини 21 солаи ҳамин ҷамоат ҷангу ҷанҷол кардааст.

Ҳамин тавр, муттаҳам бо корди шикорӣ (финка) 1-маротиба ба тарафи чапи қафаси синаи номбурда зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
«Дар натиҷа ҷабрдида дар вақти гузаронидани ҷарроҳӣ дар беморхона ба ҳалокат расидааст», — омадааст дар хабарнома.
Манбаъ афзуда, ки нисбати гумонбаршаванда бо моддаи 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *