Ҳамсари шоири маъруф Убайд Раҷаб аз олам даргузашт

Бибираҷаб, ҳамсари Шоири халқии Тоҷикистон Убайд Раҷаб аз олам даргузашт. Ҷанозаи марҳум пагоҳ, 21-уми январ, соати 10 дар манзили зисташ, воқеъ дар кӯчаи Ҳабиб Юсуфии шаҳри Душанбе ( пушти бемористони “Қарияи Боло”) баргузор мешавад.

Ҳамсари Убайд Раҷаб 85 сол дошт ва пас марги шавҳараш дар манзили ӯ шамъи хотирашро равшан мекард. Пайвандонаш ба Pressa.tj гуфтанд, ки марҳум чанд вақти охир бемор буд.
Худи Убайд Раҷаб бошад, 11 августи соли 2004 аз олам даргузашта буд. Номбурда шоири маъруфи кӯдакон ва яке аз чеҳраҳони таъсиргузори адабиёти тоҷик дар азмони шӯравӣ буд. Ӯ дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи А. Рӯдакӣ ва Мукофоти адабии ба номи Андерсен мебошад. Убайд Раҷаб дар рӯзномаҳои «Пионерии Тоҷикистон» ва маҷаллаҳои «Машъал» ва «Садои Шарқ» кору фаъолият намудааст.

Ба ҳайси котиби Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон интихоб шудааст ва чанд муддат мушовири ин иттиҳодия оид ба адабиёти кӯдакону наврасон буд. Соли 1961, бо даъвати бевоситаи Мирзо Турсунзода, ба кори маҷаллаи «Садои Шарқ» гузаштааст. Аввал мудири шуъбаи танқиду адабиётшиносӣ, баъдан мудири шуъбаи назм, сипас и.в. котиби масъули он будааст. Дар анҷумани 6-уми нависандагони Тоҷикистон (1966), котиби Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон – сармуҳаррири маҷаллаи «Садои Шарқ» таъйин гардида, дар ин вазифа то моҳи майи соли 1979 иштиғол варзидааст.

Баъдан муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, мушовири Иттифоқи нависандагон оид ба адабиёти кӯдакону наврасон будааст.

Асосан барои бачагону наврасон эҷод мекард. Муаллифи маҷмӯаҳои шеъри «Орзуҳои ширин» (1958), «Қиссаҳои модаркалон» (1958), «Ҳамсуҳбати ширинзабон» (1963), «Нинӣ чӣ ном дорад?» (1964), «Саду як барг» (1970), «Рӯи замин» (1974), «Хӯшаи гандум» (1978), «Ману ҷӯраҳои ман» (1981), «Як дона марворид» (1984), «Тирукамон дар рӯи бом» (1987), «Тӯшае аз ҳар гӯшае» (1988) ва ғайра мебошад.

Маҷмӯаҳои ашъори ӯ «Пайраҳа» (1967), «Илҳом» (1972), «Нимарӯз» (1977), «Рози обшор» (1979), «Саррез» (1982) барои калонсолон офарида шудаанд. Шеърҳои алоҳидааш ба бисёр забонҳои ҷаҳон тарҷума ва дар Эрону Афғонистон борҳо чоп шудаанд. Шеъри «То ҳаст оламе, то ҳаст одаме…», ки дар ҳимояи забони модарӣ нигошта шудааст, ба муаллифаш шӯҳрати ҷаҳонӣ овард. Осори даҳҳо адибони халқҳои бародарро ба тоҷикӣ гардондааст. Дар таҳия ва нашри «Тазкираи адабиёти кӯдакони тоҷик» (дар панҷ ҷилд) ҳиссаи арзанда гузоштааст.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.