Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Ҳар садсола дар дунё як бемории табобатнашаванда пайдо мешавад. Ин тасодуф аст ё ?

Як назария вуҷуд дорад, ки ҳар 100 сол як эпидемия дар сайёраи Замин пайдо мешавад. Метавон гуфт, ки ин тасодуф аст, аммо дурустии хронологӣ моро ба ташвиш овардааст.
Бисёре аз муҳаққиқон мегӯянд, ки эпидемияи кунунии коронавирус ба рӯйдодҳои асрҳои гузашта монанд аст.
Саволи мантиқӣ ба миён меояд: чӣ мешавад, агар ин бемориҳо бо ягон қувваи марговар ба таври сунъӣ сохта шуда бошанд? Шояд як созмони махфӣ?
Соли 1720: Тамоми Аврупоро як эпидемияи вабои бобонӣ, ки лақаби Марсель дошт, фаро гирифт.Ин беморӣ боиси марги 100 000 нафар гардид.
Соли 1820: Баъди расо сад сол,дар бисёр кишварҳои Осиё,аз ҷумла Филиппин, Индонезия ва Таиланд бемории вабо хуруҷ карда буд.
Ҷолиб аст, ки аз ин беморӣ ба мисли бемории сад сол қаблтар пайдо шуда расо 100,000 нафар одамон фавтиданд.
Гумон меравад,ки сабаби пайдошавии ин беморӣ оби ноҷӯшонда гаштааст.
Соли 1920: Охирин ва бузургтарин вабо ё эпидемияи сад сол пеш пайдо шуда,дар Испания ба қайд гирифта шуда буд.
Аз ин зуком шумораи рекордии одамон,ки як миллиард расида буданд,ба ҳалокат расиданд.
Ин марговартарин бемории сироятӣ дар таърихи инсоният аст.
Соли 2020: Дар Чин эпидемияи як коронавируси нав сар шуд, ки он ба Кореяи Ҷанубӣ, Эрон, Италия ва дигар кишварҳо паҳн шудааст. Зиёда аз 77,000 сироят ёфта, зиёда аз 2000 нафар ҳалокшудагон ба қайд гирифта шудааст.
Вазъ ҳар рӯз бадтар шуда истодааст.
Бадтаринаш ин аст, ки сафарҳои ҳавоӣ ва технологияи муосир паҳншавии вирусро дар саросари ҷаҳон суръат мебахшанд. Ва чӣ гуна он ба охир мерасад, танҳо Худо медонаду халос …

Таҳияи Шабнам Тоҳири

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.