Ҳаштсад миллион кӯмаки бебозгашти Чин ба чӣ харҷ мешавад?

Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид, ки дар он Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бораи пешниҳоди кумаки бебозгашт мавриди баррасӣ қарор гирифт.

 Созишномаи мазкур бо  сафарбаркунонии ҳайати коршиносони чинӣ ҷиҳати омодасозии лоиҳаи Асосноккунии техникӣ—иқтисодӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин пешниҳоди кумаки бебозгаштро дар ҳаҷми ҳаштсад миллион юани чинӣ (800 000 000) пешбинӣ намудааст, хабар доданд аз Парлумони мамлакат    ба АМИТ «Ховар».

Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷудо намудани кумаки молиявии бебозгашти иловагӣ лоиҳа оид ба сохтмони майдонҳои қисман калидии марҳилаи дуюми роҳи автомобилгарди Душанбе-Кулма, қитъаи Калъаи  Хумб-Ванҷ ва татбиқи лоиҳаҳои дигари басозишрасидаро пешниҳод  кардааст.

Дар ҷаласаи Шӯро таъкид гардид, ки лоиҳаи қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси лоиҳаи Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бораи пешниҳоди кумаки бебозгашт», ки аз ҳисоби маблағҳои грантии Ҷумҳурии Мардумии Чин маблағгузорӣ мегардад, аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 июли соли 2021  омода карда шуд.

Лоиҳаи қарори мазкур тибқи талаботи бандҳои 13, 14 ва 15 «Тартиби гузаронидани экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқии дорои хусусияти умумиҳатмии вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, дигар мақомоти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июни соли 2014 тасдиқ шудааст, мавриди экспертизаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ қарор гирифта, дар он омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия ошкор карда нашудаанд. Бинобар ин лоиҳаи қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегардад.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.