Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ба парлумон роҳ наёфт (Видео)

Комиcсияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон натиҷаи интихоботи вакилон ба парламумонро эълон кард.

Бахтиёр Худоёрзода, раиси Комиcсияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон 2 март дар брифинг изҳор дошт, ки дар ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихоботӣ аз рӯи рӯйхати ҳизбҳои сиёсӣ ба тарафдории Ҳизби аграрии Тоҷикистон 700 ҳазору 582 нафар ё 16,50%, ба тарафдории Ҳизби демократии Тоҷикистон 216 ҳазору 526 нафар ё 5,10%, ба тарафтории Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон 705 ҳазору 252 нафар ё 16,61%, ба тарафдории Ҳизби коммунистии Тоҷикистон 132 ҳазору 49 нафар ё 3,11%, ба тарафдории Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон 218 ҳазору 696 нафар ё 5,15 %, ба тарафдории Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон 13 ҳазору 735 нафар ё 0,32% ва ба тарафдории Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон 2 139 741 нафар ё 50,40% овоз додаанд.

Бахтиёр Худоёрзода гуфт, ҳизбҳои сиёсие, ки ба тарафдории онҳо 5% ва зиёда аз он интихобкунандагони дар интихобот иштироккарда овоз додаанд, миқдори зерини мандати вакилиро соҳиб шуданд. Ҳизби Аграрии Тоҷикистон бо 16,50% 4 мандати вакилӣ, Ҳизби Демократии Тоҷикистон бо 5,10% 1 мандати вакилӣ, Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон бо 16,61% 4 мандати вакилӣ, Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон бо 5,15 % 1 мандати вакилӣ, Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон бо 50,40% 12 мандати вакилиро соҳиб шуданд. Ёдовар мешавем, дар маҷмӯъ 4 миллиону 245 ҳазору 951 нафар интихобкунандагон дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ иштирок намуданд, ки ин 86,4%-и шумораи умумии интихобкунандагонро ташкил медиҳад. Ҳамчунин, Бахтиёр Худоёрзода номи 41 нафар вакилони аз ҳавзаҳои якмандатӣ интихобшударо эълон намуд.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.