Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Ҳуҷраи корӣ гуфта, мағоза месозанд. ё чӣ тавр дар Бохтар “бо як тир ду фохта задан мехоҳанд

Бо баҳонаи сохтмони бинои корӣ барои раиси маҳалла дар як қисмати замини мактаби рақами 14-и шаҳри Бохтар бунёди маркази савдо идома дорад. Вале масъулин инро рад карда, исбот кардан мехоҳанд, ки ин қитъаи замин танҳо барои ҳуҷраи раиси маҳалла пешбинӣ шудааст.

Аз бехабарии мудир то як занги вазир

 Хостем дар робита ба ин масъала бо директори муассисаи таълимии болозикр Азизуллои Аъзам суҳбат намоем. Аммо ӯ аз суҳбат худдорӣ карда, гуфт: “Ман ба ягон суоли шумо ҷавоб дода наметавонам. Хубтараш ин масъаларо аз дигар масъулон пурсон шавед”.

Дар ҳамин ҳол, Қурбонбӣ Забирзода, мудири шуъбаи маорифи шаҳри Бохтар, зимни суҳбат зикр кард ки, аз ҷудо гардидани қитъаи замини муассисаи таълимии рақами 14 барои бунёди бинои маъмурии раиси кумитаи маҳалла қаблан хабар надошт. “Вазири пешини маориф ва илм Нуриддин Саид занг зада, пурсид, ки шумо доир ба ҳамин масъала (ҷудо кардани қитъаи замини мактаб барои сохтмони бинои маъмурии кумитаи маҳалла) маълумот доред? Ман гуфтам, ки танҳо маълумоти шифоҳӣ дорам. Вале он замон аллакай сохтмон оғоз шуда буд. Баъд огоҳ шудам, ки дар асоси аризаи дасткашии директори мактаб ин қитъаи замин барои сохтмон ҷудо шудааст”, – афзуд ӯ.

 Бар замми ин, бо ҷудо кардани замини мактаб барои бунёди бинои раиси кумитаи маҳалла, сокинон низ ба мақомот ариза пешниҳод карданд, то дар он ҷо сохтмон нашавад. Аз ин хусус Забирзода ба мо иттилоъ дод.

Дар Бохтар дигар замин нест?

Ба иддаои Комилзода Алишер, раиси Кумитаи идораи замини шаҳри Бохтар, дар маҳаллаи “Ғайрат” дигар замин барои сохтмони бинои кумитаи маҳалла набудааст. Ӯ гуфт, дар асоси мактуби маъмурияти муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 14-и шаҳр қарори раиси шаҳри Бохтар аз 11-уми сентябри соли 2019, таҳти рақами 416 дар бораи қатъ гардонидани як қисми замини муассисаи номбурда ба тасвиб расидааст. Дар асоси ин қарор 0,02 гектар замини ин муассиса ба фонди захираи замини раиси шаҳр гузаронида шудааст. Баъдан, бо қарори раиси шаҳр замини гирифташуда барои сохтани бинои кории раиси кумитаи маҳаллаи “Ғайрат” ҷудо гардид.

– Тибқи сархати 11-и моддаи 19-и Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон заминистифодабарандагони якумдараҷа ҳуқуқ доранд, ихтиёран аз қитъаи замин даст кашанд, – мегӯяд Комилзода. – Дар асоси ин, ки маъмурияти муассиса аз ҳуқуқи истифодаи замин дар масоҳати 0,02 гектар даст кашидааст, ин қитъаи замин бо қарори раиси шаҳр барои бунёди бинои раиси кумитаи маҳалла ҷудо гардид.

Ин шахси масъул сараввал дар суҳбати бидуни сабт зикр кард, аз сабаби он ки Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар қудрати бунёди бинои раиси кумитаи маҳалларо надорад, замини ҷудогардида ба соҳибкоре дода шуд. Дар назди он соҳибкор  шарт гузошта шуд, ки як бинои дуошёна сохта, дар ошёнаи дуюм ҳуҷраи кории раиси кумитаи маҳалла ва дар қабати якум мағоза бунёд кунад. Баъдан, зимни сабти суҳбат гуфт, ки он замин танҳо барои бунёди бинои раиси кумитаи маҳалла ҷудо гардидааст. Ин ҷо суоле ба миён меояд, ки чаро мутасаддиён бобати бунёди маркази савдо ошкор ҳарф задан намехоҳанд?

Шаҳрдори нав аз он қарор розӣ набудааст

Перомуни ин масъала зимни нишасти матбуотӣ фикр ва мавқеи раиси тозатаъини шаҳри Бохтар Сиҷоуддин Саломзодаро донистан хостем. Ӯ гуфт, ки тибқи қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон аз ҳудуди ин ё он иншооти иҷтимоӣ, аз ҷумла мактаб бе розигии Вазорати маориф ва илми мамлакат ягон нафар ҳуқуқи ҷудо кардани замин надорад.  “Мо ҳуқуқ надорем, ки бе розигии вазоратҳо барои сохтмони ҳар гуна иншоот иҷозат диҳем. Ин номумкин аст!”, – таъкид кард вай.

Супориш аз боло?

“Дар асоси нақша – чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар, гурӯҳи кории вобасташудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раиси Кумитаи рушди маҳалли назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосим Роҳбар аз ҳамон муассиса дидан карданд”, – гуфт мудири шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар Валиҷон Ятимзода. Номбурда афзуд, ки Қосим Роҳбар худашон тавсия доданд, як миқдор қитъаи замини ин муассиса, ки солҳои зиёд дар ҳолати вайрон пур аз партов буд, барои сохтани бинои кории раиси маҳалла ҷудо гардида, бо дастгирии соҳибкорон ва мақомоти маҳаллӣ бунёд карда шавад. “Супориши ӯ дар ҳамдастӣ бо аъзои комиссияи дахлдор пурра ҳуҷҷатгузорӣ карда шуда, танҳо барои сохтмони бинои маъмурии раиси кумитаи маҳалла замин ҷудо гардидааст”, – гуфт Ятимзода.

Аммо аз рӯи мушоҳидаҳои мо замини ҷудогардида дар даромадгоҳи муассиса ҷойгир буда, ба партовгоҳ мубаддал шуданаш аз эҳтимол дур аст.

Бунёди мағоза ғайриқонунист?

Муовини директори КДФ бақайдгирии молу мулки ғайриманқул дар шаҳри Бохтар Раҷаб Раҳимов масъаларо ба таври зайл шаҳр дод: “Тамоми ҳуҷҷатҳо, ҳатто лоиҳаи сохтмонро  ҳам, пас аз дидани мавзеи сохтмон таҳия кардаем. То ҷое мо дарак дорем, дар он мавзеъ бояд фақат бинои якошёнаи маъмурии кумитаи маҳалла сохта шавад. Агар дар он ҷо мағоза бунёд шавад, сохтмони он ғайриқонунӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин ҳолат бояд мутахассисони шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳр чораҳои зарурӣ биандешанд”, – изофа кард ӯ.

“Таги коса – нимкоса”?

Аммо, мутаассифона, сохтмони бино на якошёна, балки дуошёна аст. Вале ҳанӯз касе аз масъулони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр монеи сохтмони ба қавле “ғайриқонунӣ”-и ин бино нашудааст.

Дар ҳоле ки масъулон дар муқобили ин сохтмони булаҷаб ба ҷойи чораҳои дурусти зарурӣ ибораҳои “намедонем”, “чунин нест” ва дигарро зиёд такрор мекунанд, мақоли халқии “Таги коса – нимкоса” ба ёд меояд. Ё гумони мо ғалат аст, мутасаддиёни муҳтарам?

Машраби Аловиддин,

Сулаймон Султонов

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.