Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Ҳукми қатл барои коррупсия!

Пас аз таҷовуз ва қатли бераҳмонаи Руфейдаи 8-сола фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон масъалаи ҷорӣ шудани ҳукми қатлро барои ҷиноятҳои махсусан вазнин, бахусус, озору таҷовузи ноболиғон ба миён гузоштанд. Ман ҳам ҷонибдори аз сар гирифтани ҳукми қатл ҳастам, вале барои ҷинояти аз ҳама сангин, ки монеи рушди кишвари  мо шудааст – коррупсия!

Тоҷикистон дар зинаи 153

Ҷомеаи ҷаҳон Тоҷикистонро кишвари ғарқи фасод медонанд. Созмони байналмилалии Transparency International, ки ҳамасола сатҳи коррупсияро дар кишварҳои ҷаҳон таҳқиқу раддабандӣ мекунад, миёни 180 кишвари дунё Тоҷикистонро дар мақоми 153-юм қарор додааст, ки ин ба кишвари кӯчаке чун Тоҷикистон хеле ногувор аст. 

“Хабарнигорони Бидуни Марз” бошад, дар мавриди мубориза бо фасод дар соли 2020 Тоҷикистонро дар як сатҳ бо Мозамбик, Нигерия, Мадагаскар ва Камерун гузошт, ки ин ҳам албатта, хушоянд нест.

 Ташвиши Ҳукумат

Ҳукумати Тоҷикистон зоҳиран, солҳост, ки бо коррупсия мубориза мебарад ва қабули “Стратегияи  муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” далели ин гуфта аст.

Ба иттилоъи сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, “Стратегияи  муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020″ аз 89 банд иборат буда, 72 банди он пурра  иҷро гардидааст.

Дар оғози соли равон Қоҳир Расулзода аз он изҳори қаноатмандӣ кард, ки амалӣ гардидани стратегияи мазкур дар мамлакат шароит фароҳам овард, ки  шиддати коррупсия ва ҷиноятҳои алоқаманд ба он коҳиш ёбад.

Аммо…

Ҳанӯз ҳам фасод теша ба решаи Тоҷикистони ҷавон мезанад ва монеи рушди он аст. 

Омори риққатовар

Дар замоне ки сарвазири кишвар аз коҳиш ёфтани ҷиноятҳои коррупсионӣ қаноатманд аст, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон омори риққтовареро пешниҳод мекунад.

Сулаймон Султонзода, роҳбари Агентӣ хабар медиҳад, ки танҳо дар соли 2020 аз тарафи воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ 1384 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии хусусияти коррупсионидошта ва 1370 парвандаи ҷиноии хусусияти коррупсионидошта ошкору баррасӣ гардидааст. Аз ин теъдод 196 нафарашон мансабдорони баландпоя ҳастанд, ки аз вазифаҳои ишғолнамудаашон озод карда шудаанд.

Нигаронии Президент

Табиист, ки фасод дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти кишвари мо реша давондаасту ба як амри маъмулӣ мубаддал шудааст. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки порахӯрони мо ҳатто аз Президенти кишвар наметарсанд…

Агар ин тавр набуд, аз сохтмони аср – НБО “Роғун”, ки ояндаи давлату миллати мо ба он вобаста аст ва сохтмони он бевосита зери назорати Президенти кишвар қарор дорад, маблағҳои ҳангуфт намедуздиданд. Танҳо дар соли 2020 Агентии зидди фасод дар сохтмони неругоҳи Роғун 124,5 млн  сомонӣ  истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои буҷетиро ошкор кардааст. Ин он маблағест, ки ошкор гашт.

Ҳол он ки “Роғун” умеди мардуми тоҷик аст. Дуздии як санги Роғун хиёнати бузург ба давлату миллат мебошад.

Борҳо шудааст, ки худи Президенти мамлакат ҷиноятҳои коррупсиониро ошкор намудааст. Барои мисол, дар сохтмони Бемористони “Истиқлол”. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар як суханронии хеш гуфт, ки  бо пуле, ки ҳангоми сохтмони “Истиқлол” дуздидаанд, 10 мактаби ҳозиразамон сохтан мумкин буд…

Президенти кишвар борҳо аз ғарқи фасод будани ниҳодҳои кишвар изҳори нигаронӣ карда, ҳатто порахӯронро ба “хоинон” низ баробар кардааст…

Дуздии ҳаққи мардум

Бино ба иттилои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон, соҳаи тандурустӣ ва маорифи кишвар фасодзадатарин ҳастанд. Кумитаи давлатии заминсозӣ, Вазорати меҳнат, муҳоҷират, Вазорати кишоварзӣ баъд аз маорифу тандурустӣ парчамбардорони фасоданд. Албатта, соҳаҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот низ олудаи фасоданд.

Яъне порахӯрони мо даст аз сари мардум бардоштанӣ нестанд ва то қатраи охирин хуни халқро макидан мехоҳанд. Агар ин тавр нест, дар ҳамин даврони душвор, ки вабо ба ҷони халқ таҳдид мекунад, Агентии зиддифасод дуздии ҳудуди 818 ҳазор сомониро, ки ҳукумати Тоҷикистон барои муқовимат бо пандемияи COVID-19 ҷудо карда буд, низ ошкор кардааст.

Худ қазоват кунед…

Пора дар рӯзгори мо

Пора гирифтану пора додан дар рӯзгори мо амали маъмулист. То дар дохили папка “як чиз” намонӣ котибаи пушти дари раис ҳуҷҷатро барои имзо намедарорад, бе “сафед кардани даст” аз назди нозири БДА гузаштан имкон надорад, то “ҳақ” надиҳӣ заминатро ҳуҷҷат карда наметавонӣ… Ин албатта, рӯзгори мардуми оддист.

Вале вой ба ҳоли тоҷирону соҳибкорон, ки то як баробари тиҷораташонро пора надиҳанд, корашон пешрафт намекунад, борашон аз марз намегузарад.

Мутахассис то пул надиҳад, ҷойи кори нағз намеёбад…

Ҳамин аст, ки соҳибкорони мо аз кишвар фирор мекунанд, мутахассисон села-села мераванд ва сарнавишти давлату миллати мо ҳамоно тиратар мешавад.

Мо худамон одат кардаем, ки ҳамарӯза пора диҳем…

Президент ҷон меканад, ки кишвар обод шавад, рушд кунад, мардум азият мекашанд ба муҳоҷират мераванд, ки заррае барои ободӣ саҳм гузоранд ва ин ҳама талош ба сохтмони хонаҳои дакадани мансабдорон дар Варзобу Ромит масраф мешавад…

Магар ин хиёнат ба давлату миллат, хиёнат ба арзишҳои инсониву миллӣ нест?

Ба гумонам коррупсия вазнинтарин ҷиноят аст, ки бояд ҷазои сахттаринро ба думбол дошта бошад.

Бинобар ин, пешниҳод мекунам, ки ҷазои вазнинтарин (10-20 сол), якумрӣ ва билохира ҳукми қатл ба ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта ҷорӣ шавад.

Вале як нукта маро ба андеша мебарад: агар ҳамаи коррупсионерҳо ҳукми қатл гиранд, аҳолии Тоҷикистон чанд нафар мемонда бошад?

Одил Нозир

“Тоҷикистон”

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.