Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Ҷаббор Расулов: Марги ӯ оғози шикасти низом дар Тоҷикистон буд

Ҳамсуҳбати ман худро марди доною тавоно намегирад, лофи аз суҳбати бузургон бархӯрдор будан низ дар ӯ бегона аст. Мулоқоти мо тасодуфӣ буд, ҳарчанд тасодуф як таъбири ғалат ва бемоя аст. Чунки дунё мизони худро дорад ва палаҳои он ҳамчун фариштагони бозувони чапу рост баркашандаи аъмоли ҳар шоҳу гадост.

Ӯ полковники мустаъфист, Акрамов Сайфулло ном дорад  ва якумр ба қадами ду Сарвари давлат Ҷаббор Расулов ва Раҳмон Набиев қадам задааст. Чун хабар ёфтааст, ки банда дар бораи  академик Бобоҷон Ғафуров китобе бо номи «Тоҷикон дар суҳбати Ғафуров бо Сталин»  иншо кардаам ва охирин мусоҳибаро бо Раҳмон Набиев анҷом додаам, дари дафтари корамро кӯфт. Ӯ саргузашташро аз ҳамдамї бо он ду фарди дар зоҳир бовиқору дастнорас, дар ботин махзани дарду ғурбат қисса кард, ки андеша сари он ба хулоса меорад, ки  дар талоши молу мансаб ҷонканӣ ва дар бенавоӣ бетоқатӣ суде надорад.

-Аз он рӯз 38 сол сипарӣ шуд. Он лаҳза агар дар хоби шаб ба хотирам расад, аз ҷой парида мехезам, зери обу арақ мемонам,- мегӯяд ӯ. Ба беқадрии инсону ширинии мансаб нафратам меояд. 3 апрели соли 1982 буд. Дар анҷумани комсомоли ҷумҳурӣ ҳолати Котиби якуми КМ Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Ҷаббор Расулов бад шуд. Ӯро ба хонааш овардем. Духтурон баъд аз муоина фармуданд, ки ба беморхонаи  Қарияи Боло барем. Аммо аҳволи Ҷаббор Расулов беҳтар нашуд. 3 апрели соли 1982, соати 24.00 аз ҳаёт чашм пӯшид.

Ман фавран ба раиси Кумитаи амнияти давлатӣ Первенсев Е.И. хабар додам. Ӯ дастур дод, ки  аъзои Бюроро огоҳ кунам. Соати 3-и шаб  аъзои Бюро Полукаров Ю.И., Первенсев Е.И., Додобаев М.Б., Бобосодиқова Г.Б., Набиев Р.Н., Холов М.Х., Ҳайдаров А.Х.. Дедов И.Р.дар беморхонаи Қарияи Боло ҷамъ омаданд. Дар чунин лаҳзаҳо кию чӣ будани кас чун рӯз рӯшан мегардад. Ман ба ҳар ҳарфу ҳаракати аъзои Бюро, ҳасафони Ҷаббор Расулов бодиққат гӯш медодам ва назора мебурдам. «- Чӣ ҳам мехостед, сактаи қалб», — гуфт беэътиноёна котиби дуюм Ю.И.Полукаров. Раиси КБД Е.И.Первенсев ҳам гӯё чизе нашуда бошад, чашмаш хам намехӯрд. Набиев Р. Н.,  Додобоев А.Д., Бобоев М.Б., Холов М.Х., Дедов И.Р. сахт андуҳгин буданд. Духтари Ҷаббор Расулов Ирина Ҷабборовна навҳакашон мегирист. Бобосодиқова Г.Б. дар паҳлуяш истода, мехост ӯро ором созад. Пеши назарам саҳнае буд, ки актёрони боҳунар нақш бозӣ мекарданд. Дарки ин саҳна моро чанд қадам ақиб мебарад, то ки донем Ҷаббор Расулов кӣ буд?

Ҳашт сол (1974-1982) ёрдамчии Ҷаббор Расулов будам.  Аз лаҳзаи аз хоб бедор шудан то ба ҷойгаҳи хоб даромадан ҳамнафасӣ доштам. Зиндагии ӯ саршор аз муҳаббат ва садоқат ба ҳизб, кор ва мақоме буд, ки ишғол мекард. Зиндагии ӯ зери қолабе сурат мегирифт, ки саркардагони асили Ҳизби коммунист Владимир Илич Ленин ва Иосиф Виссарионович Сталин тақозо мекарданд. Мардуми калонсол дар ёд доранд, ки замони Иттиҳоди Шӯравӣ ҳар субҳ соати 6.00 аз радио гимни СССР садо медод. Ҳар субҳи Ҷаббор Расулов давоми бисту як соли Котиби якуми КМ ПК Тоҷикистон будан (1961-1982), аз ин гимн оғоз меёфт. Соати 6.00 ӯ дар тан либоси корӣ дар назди радио истода, гимнро гӯш мекард  ва сипас роҳи КМ -ро пеш мегирифт. Роҳи ӯ гузар аз ҳавличае мекард, ки модари танҳояшон зиндагӣ дошт. Модар ҳар субҳ интизори фарзанд буд, то ба ӯ дуои хайр диҳад.

То ҳанӯз бароям муаммост, ки чаро дар хонаи Ҷаббор Расулов модари пираш нағунҷид. Шояд аз он ки хона давлатӣ буду замони Иттиҳоди Шӯравӣ, чун дар Аврупою Амрико волидон узви оила ба ҳисоб намерафтанд? Ё ин дастури завҷа Антанина Леонидовна буд? Зеро амри завҷа барои як тӯда аз эҳтироми падару модар болотар аст. Ё аз он буд, ки хона тангӣ мекард? Хонаи Ҷаббор Расулов маъмулӣ буд: толори хурд, ки дар он танҳо рафи китобҳо буданд, ошхона ва ду утоқе, ки дар яке Ҷаббор Расулов, дар дигаре духтараш Ирина бо шавҳараш Георгий Тихонов зиндагӣ мекарданд.

Ҳамсари Ҷаббор Расулов Будкевич Антанина Леонидовна дар давоми бисту як сол котиби якум будани шавҳараш ҳамагӣ як бор ба Душанбе омадааст.

Асрори Маскавро интихоб кардану ба Душанбе наомадани ӯ бароям шаби чун дарёи бесоҳили қирпӯш торикро ба хотир меорад. Ҷаббор Расулов дар Маскав хонаи чорҳуҷрагӣ дошт, ки замони муовини аввали вазири хоҷагии қишлоқи СССР  дошт. Шояд барои аз даст норафтани он бошад? Ба ин савол танҳо  Антанина Леонидовна  метавонист посух гӯяд.

Ҷаббор Расулов ҳамеша ба танҳоӣ умр ба сар мебурд. Ба истиснои чанд муддате, ки духтараш Ирина бо шавҳараш Георгий Тихонов бо ӯ зиндагӣ доштанд. Дере нагузашта онҳо низ аз Душанбе кӯч мебанданд. Кӯчбандӣ аз ранҷиши духтар аз падар сар мезанад. Ҳарчанд сиёсати кадриро Маскав ҳал мекард, аммо сухани Ҷаббор Расулов эътибор дошт. Георгий Тихонов сардори Сарраёсати  «Таджикгидроэлектрострой» буд. Баъд аз ба нафақа баромадани Новичков В.Е., муовини Раиси Шӯрои Вазирони Тоҷикистон ба ҷои ӯ ба ин мақом Георгий Тихонов пешниҳод мегардад. Аммо пешниҳоди Маскав дар ин маврид аз ҷониби Ҷаббор Расулов дастгирӣ намеёбад. Ин боиси ранҷиши домод ва духтари Ҷаббор Расулов мегардад, онҳо Тоҷикистонро тарк мекунанд.

Маскав Тихоновро хуб истиқбол мегирад. Ӯсоли 1981 муовини вазири  энергетикаи СССР интихоб мешавад.

Зиндагии Ҷаббор Расулов пур аз чунин тазодҳост. Барои ӯ мафҳуми хешу табор, интихоб аз рӯи самимияти шахсӣ вуҷуд надошт. Тани танҳо, зиндагиаш саршор аз покӣ, муҳаббат ва садоқат ба мардуми заҳматкаш, ҳизби коммунист ва Маскав буд. Бо Маскав муносибати расмӣ дошт, пора намедод, туҳфа намебурд. Боре надидам, ки зодрӯзашро ҷашн гирифта бошад, дар хона ҳамкорон ва хешу таборро қабул намекард.  Аз машруботи спиртӣ чун аз лагандбардорону тамаллуқкорон парҳез дошт, онҳоро ба худ наздик шудан намегузошт.

Ҷаббор Расулов дорандаи 9 ордени Ленин буд. Соли 1981 дар Съезди ҲК СССР Леонид Брежнев ба Ҷаббор Расулов ба муносибати 1 милёну 100 ҳазор тонна пахта супоридани Тоҷикистон унвони Қаҳрамони меҳнати Сотсиалистӣ супорид. Он вақт ӯ 69 — сола буд,. Мо дар ошёнаи 17 — уми меҳмонхонаи “Россия” зиндагӣ мекардем. Як вақт занги телефон садо дод. Ғоибназар Палаев занг мезад. Ӯ хоҳиш намуд, ки котибони обком Рифат Ҳоҷиев, Муҳиддин Зоиров, Изатулло Ҳаёев ва худи ӯ Ғоибназар Палаев, ки иштирокчиёни съезд буданд, мехоҳанд Ҷаббор Расуловро бо унвони Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ гирифтан табрик кунанд. Ман ин хоҳишро ба Ҷаббор Расулов расонидам. Ӯ каме ба фикр афтод ва баъд сар боло карда пурсид:

(Давомаш дар шумораи оянда)

Шариф ҲАМДАМПУР

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.