Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон: Талоши ҳашт даста

21 феврал марҳилаи ниҳоии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон оғоз мегардад. Барои ба даст овардани ҷом ҳашт даста талош мекунанд. Дар ин бора Федератсияи  футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Тибқи иттилои манбаъ, дар марҳилаи ниҳоӣ дастаҳои футболи КМВА ВМ ҶТ, «Локомотив-Помир»-и Душанбе, «Истаравшан»-и Истаравшан ва «Равшан»-и Кӯлоб ба гурӯҳи «А» ва дастаҳои   «Кӯктош»-и Рӯдакӣ, «Душанбе-83»-и Душанбе, «Эсхата»-и Хуҷанд  ва «Хатлон»-и Бохтар ба гурӯҳи «Б» ворид гардиданд. Бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе ва Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор мешаванд.

Бинобар сабаби гузаронидани ҷамъомади машқӣ-таълимӣ дар Туркия дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе наметавонад дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми ФФТ иштирок кунад. Ба ҷои он дастаи  «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ, ки дар даври муқаддамотӣ дар гурӯҳи «А»-и минтақаи Душанбе ҷои сеюмро ишғол карда буд, мусобиқаро идома медиҳад.

Ҷоми ФФТ-2020

Марҳилаи ниҳоӣ

Гурӯҳи «А»: КМВА ВМ ҶТ, «Локомотив-Помир», «Истаравшан», «Равшан».

Гурӯҳи «Б»: «Кӯктош», «Душанбе-83», «Эсхата», «Хатлон».

Тақвими бозиҳо

Даври 1

 21 феврал (ҷумъа)

11:00 – «Истаравшан» – КМВА. Душанбе, Варзишгоҳи ҷумҳуриявӣ

11:00 – «Душанбе-83» – «Эсхата». Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

15:00 – «Равшан» – «Локомотив-Помир». Душанбе, Варзишгоҳи ҷумҳуриявӣ

15:00 – «Хатлон» – «Кӯктош». Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

Даври 2

23 феврал (якшанбе)

11:00 – «Душанбе-83» – «Кӯктош». Душанбе, Варзишгоҳи ҷумҳуриявӣ

15:00 – «Хатлон» – «Эсхата». Душанбе, Варзишгоҳи ҷумҳуриявӣ

24 феврал (душанбе)

11:00 – «Истаравшан» – «Локомотив-Помир». Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

15:00 – «Равшан» – КМВА. Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

Даври 3

25 феврал (сешанбе)

11:00 – «Душанбе-83» – «Хатлон». Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

15:00 – «Куктош» – «Эсхата». Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

26 феврал (чоршанбе)

10:00 – «Истаравшан» – «Равшан». Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

13:00 – «Локомотив-Помир» – КМВА. Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

Нимфинал

28 феврал (ҷумъа)

11:00 – 1»А» – 2»Б»

15:00 – 1»Б» – 2»А»

1 март (якшанбе)

11:00 – Бозӣ барои ҷои сеюм

15:00 – Финал

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.