Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Ҷанг ба охир нарасидааст ва мубориза бо Толибон дар Панҷшер идома дорад

Аҳмад Масъуди хурдӣ иддаои Толибон дар бораи назорати комили Панҷшерро рад кард ва афзуд, ки ҷангҳо дар ин вилоят ҳоло ҳам идома доранд.

Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, чанд дақиқа пеш дар бораи ҳаводиси ахир ба нирӯҳои муқовимат муроҷиат кард

Ӯ паёми савтии худро дар бораи ҳаводиси имрӯзу шаби гузашта нашр кард.

Раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар ин изҳороти расмӣ мардуми Афғонистонро ба шуриш бар зидди Толибон* даъват кард.

“Ман аз тамоми мардуми Афғонистон, ҳамаи бародарону хоҳарони мо дар тамоми гӯшаҳои кишвар даъват мекунам, ки ба истибдодгарон муқовимат кунанд”, – гуфт роҳбари муқовимати Афгонистон.

Масъуди хурдӣ гуфт, ки ҷанг ба охир нарасидааст ва мубориза бо Толибон* дар Панҷшер идома дорад.

Номбурда гуфт, Толинбон* иваз нашудаанд ва баръакс хашинтару ваҳшитар гаштаанд.

Қаблан Алӣ Майсам Назарӣ, сухангӯи Ҷабҳаи муқовимати Афғонистон гуфта буд, ки Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимат дар амният аст ва ба зудӣ суханронӣ хоҳад кард.

Бархӯрдҳо дар Панҷшер тақрибан ду ҳафта пеш байни Толибон*, ки тамоми Афғонистонро таҳти назорати худ гирифтаанд ва Ҷабҳаи муқовимат таҳти сарварии Аҳмад Масъуд дар ин вилоят оғоз шуда, то имрӯз идома доранд.

Раҳбари муқовимат афзуд, ки онҳо то озод шудани кишвар ва “пирӯзӣ барои Афғонистон” мубориза хоҳанд бурд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.