Ҷанг ва сулҳ дар Тоҷикистон. Саҳифаҳои норавшани он дар китоби нави Иброҳим Усмон

Китоби “Муқовимати сиёсӣ, ҷанг ва сулҳсозӣ дар Тоҷикистон” нахустин маҷмӯаи Фонди ҷамъиятии “Гуфтугӯи тамаддунҳо”-и Иброҳим Усмон аст, ки дар шаҳри Душанбе бо ду забон – тоҷикӣ ва русӣ тоза ба нашр расид. 

Дар  китоб маҳсули фаъолияти созмони мазкур дар ҷараёни ҷамъомадҳои маҳфил вобаста ба мавзӯи ҷанг ва сулҳ дар Тоҷикистон оварда шудааст. Вобаста ба мавзӯи ҷанг ва сулҳ дар Тоҷикистон, ки дар маҷмӯа омадааст дар маҳфили “Гуфтугӯи тамаддунҳо” шахсиятҳое сухан гуфта буданд, ки дар он замони пурташвиши кишвар мансабҳои баланд доштанд ва сарнавишти миллионҳо нафар Тоҷикистониҳо аз бархӯрди онҳо вобаста буд.

Ҳамчунин, дар баррасии мавзӯъҳо шахсиятҳои барҷастаи сиёсӣ, коршиносони машҳур, журналистон, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва сафоратхонаҳои муқими Тоҷикистон иштирок доштанд.  Матни асари мазкур дар асоси суханрониҳои сабтшудаи меҳмонон, баррасии онҳо, ки дар маҳфили “Гуфтугӯи тамаддунҳо” сурат мегирифт, омода шудааст.

Масалан, дар маҳфилҳои фонд роҷеъ ба воқеаҳои баҳманмоҳи хунини соли 1990 шахсиятҳое чун Қаҳҳор Маҳкамов — нахустин Президенти Тоҷикистон, Бӯрӣ Каримов — раиси Кумитаи планкашии Тоҷикистон дар ҳамон замон, Нурмуҳаммад Табаров — вазири фарҳанги ҳамон замон, Азимқул Азимов -муфаттише, ки воқеаҳои моҳи феврали соли 1990 — ро таҳқиқ намудааст, суханронӣ доштанд ва ба саволҳои ҳозирон ҷавоб доданд. Дар китоб оварда шудааст. Яъне, сухан аз номи шахсиятҳои аввал, иштирокчиёни бевоситаи воқеаҳо меравад.

Маводи фарогири ин маҷмӯа бо тартиби замони баргузории маҳфилҳо ҷойгир шуда, тарзу услуби шифоҳии баёни маърӯзачиён то ҳадди имкон ҳифз гардидааст.

Дар сарсухани китоб гуфта мешавад, ки дар маҳфилҳои фонд бештар аз 25 суханронӣ оид ба воқеаву ҳодисаҳои даҳаи охири қарни XX шунида шуда, қисме аз он дар китоб гирдоварӣ шудааст.

Китоби мазкур барои сиёсатшиносон, сиёсатмадорон, таҳлилгарон, таърихшиносон, журналистон ва коршиносони ҷанг ва сулҳ асари аҳамиятнок аст, ки дар он факту рақамҳои ҷолиб вобаста ба ҳодисаҳои замони муқовимати сиёсии тоҷикон аз забони меҳмонони маҳфил Назаров Талбак, Сатторзода Абдунабӣ, Достиев Абдумаҷид, Искандаров Акбаршо, Усмонов Иброҳим, Давлат Исмон, Табаров Нурмуҳаммад, Сафаров Сайфулло, Султони Ҳамад, Маҳкамов Қаҳҳор, Каримов Бӯрӣ, Икромов Зафар, Шабистарӣ Алиашраф, Маҳмудов Ҷамолиддин, Ҳайдаров Хайрулло, Раҳмонова Адолат, Азимов Амирқул, Каримов Раҳим (Муллоабдураҳим), Мирзоев Рамазон, Бобосодиқова Гулҷаҳон оварда шудааст. 

Ёдовар мешавем, ки Фонди ҷамъиятии “Гуфтугӯйи тамаддунҳо» 19-уми октябри соли 2012 аз ҷониби профессор Иброҳим Усмонов таъсис дода шудааст. Ин фонди ҷамъиятӣ ба таҳқиқи масъалаҳои гуманитарии Тоҷикистон, аз ҷумла таърихи муқовимати сиёсӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, таърихи халқи тоҷик, фарҳанг ва забони вай, таърихи ташаккули зиёиёни тоҷик, ҳамчунин масъалаҳои геополитикаи Осиёи Марказӣ машғул аст.

Мазбут ҚОСИМОВ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *