Ҷавонтарин адиби бачаҳо 70-сола шуд

Саиднабӣ Наҷимӣ, рӯзноманигор ва нависандаи тоҷик ба синни мубораки 70 расид. Зодрӯзи ӯ дар китобхонаи бачагонаи вилоятии ба номи Аминҷон Шукуҳӣ таҷлил шуд.

Саиднабӣ Наҷимӣ қариб 40 сол дар идораи нашрияи “Ҳақиқати Ленинобод” ба ҳайси мусаҳҳеҳ, мухбир, мудири шуъба ва котиби масъул кор карда, бори сухан кашидааст. Ӯ муаллифи китобҳои “Умед”, “Ҷавлон”, “Ҷабр”, “Раҳм”, “Армонҳои дил”, “Меҳри Бобо”, “Қиёфатулбашар”, “Офтобаки хандонрӯй” ва “Шикасти ғурур” мебошад.

Узви иттифоқи нависандагон ва рӯзноманигорони Тоҷикистон буда, барои хизматҳояш бо унвони фахрии “Аълочии матбуоти Тоҷикистон” сазовор гаштааст.

Ёдрас мешавем, ки китоби навбатии нависанда Саиднабӣ Наҷимӣ бо ҳаммуаллифии рӯзноманигор Юсуфи Насрулло дар дасти чоп буда, рӯзҳои наздик ба табъ мерасад.

Ҳамчунин, китобхонаи вилоятии ба номи Тошхоҷа Асирӣ ба нақша гирифтааст, ки ҷашни 70-солагии ҷавонтарин адиби бачаҳоро давоми моҳ бошукӯҳ таҷлил намояд.

Амони Муҳаммад

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *