Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Ҷавонзани говдузд

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти ҷавонзан бо иттиҳоми дуздидани чорвои калони шохдор боздошт кардааст

Маъмурини милиса зани 33-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ифтихори ноҳияи Аштро ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир кардаанд, хабар дод ВУД Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, муттаҳам 5-уми августи соли 2021, бо роҳи пинҳонӣ аз ҳудуди хоҷагии деҳқонии “Шарифҷон”, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Ашти ноҳияи мазкур 1 сар чорвои калони шохдорро дуздидааст. Таъкид шудааст, ки чорво ба марди 38-сола, сокини ҷамоати деҳоти Ашт тааллуқ дошта, зарари расонда ба соҳибмулк 3 ҳазор сомонӣ арзёбӣ шудааст.

Маъмурин инчунин ҷавони 22-сола, сокини ҷамоати деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакиро, ки пеш бо моддаи 244 – и Кодекси ҷиноятӣ суд шудааст, бо гумони содир намудани дуздӣ дастгир карданд.

Ва ҷавони

Телефондузд

Ҷавон дар он муттаҳам мешавад, ки 5-уми августи соли 2021, тахминан соати 04:30-дақиқа бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматии марди 32-солаи сокини ҷамоати деҳоти Чоргултеппа даромада, 3 адад телефон ба маблағи беш аз 5 ҳазор сомониро дуздидааст.

Вазорати умури дохилӣ афзуд, ки алайҳи муттаҳамон парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад. Назари бевоситаи гумонбарон дар мавриди иттиҳоми мақомот феълан маълум нест.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.