Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

ҶДММ «Саодат саршумори говҳои ҷӯшоиро ба 1000 сар расониданист

ҶДММ хоҷагии зотпарварии «Саодат»-и ноҳияи Хуросон саршумори говҳои ҷӯшоиро ба 1000 сар расониданист. Дар ин бора АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.

Бино ба иттилои шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон, хоҷагӣ имрӯзҳо бо давлатҳои Чехия, Эрон, Туркия, Чин, Россия ва Беларус ҳамкорӣ ба роҳ мондааст. Ҷамъият аз Чехия дастгоҳи замонавие ворид намудааст, ки дар як вақт имкони ҷӯшидани 32 сар говро дошта, ҳаҷми истеҳсоли шир дар як шабонарӯз зиёда аз 7 ҳазору 500 литрро ташкил медиҳад.

Гуфта мешавад, ки дар ферма 112 нафар бо ҷойи кор ва маоши хуб таъминанд. Мутахассисон аз тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят ба кор ҷалб карда шуда, бо ҷойи хоб ва се вақт хӯроки гарм таъмин мебошанд.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.