Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Ӯ ҳам комилҳуқуқ аст: Ҳақиқати воқеӣ барои хотима бахшидан ба урфу одатҳои зиёнбахш нисбат ба занону духтарон

Аланна Армитаж, Директори минтақавӣ, Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ ва Бёрн Андерссон, Директори минтақавӣ, Осиё ва ҳавзаи Уқёнуси Ором, Хазинаи нуфуси СММ (ЮНФПА)

Дар деҳаи дурдасте дар самти ғарбии Непал, Рачана Сунар нақшаҳои падарашро барои дар синни 15-солагӣ издивоҷ кардан напазируфта, барои идома додани таҳсилаш мубориза бурд.  Имрӯз вай яке аз ҳомиёни машҳури сатҳи ҷаҳонӣ аст, ки бар зидди издивоҷи кӯдакон ва таҳкими ҳуқуқҳои занону духтарон талош меварзад.

Дар Озарбойҷон, ки меъёрҳои анъанавии иҷтимоӣ пойдоранд ва таваллуди писар назар ба таваллуди духтар ҳанӯз бартарӣ дорад, Ҷаноғлан Илёсов — фаъоли оммавӣ  як қатор семинару машваратҳоро роҳбарӣ намуда, мардонро ташвиқ менамояд, то муносибати худро нисбат ба занон ва духтарон тағйир диҳанд. Ӯ дар фаҳмонидани  он ки ҳамеша афзалият доштани  писар нисбат ба духтар таъсири бад дорад,  талош меварзад. Аммо нақши аз ҳама шоистаи вай — падари меҳрубони духтари яксола буданаш мебошад.

Гарчанде  ин ду нафар қаҳрамон дар кишварҳои гуногун зиндагӣ мекунанду забону эътиқодашон аз ҳам фарқ дорад, Рачана ва Яноглан бар он муътақиданд, ки духтарҳо сазовори муҳаббат ва ғамхорӣ мебошанд, барояшон шароити хуби интихоб  ва имкони талош  кардан баҳри ояндаи худ  бояд фароҳам овард .

Аммо,  чунин ашхос  хеле камаст, ки малакаи вуруд намудани тағйиротҳоро дар ҳаёти инсон  дошта бошад. Мавҷуд будани системаҳои эътимодие, ки дар заминаи нобаробарии гендерӣ асос ёфтаанд, ба шаклгирии меъёрҳои иҷтимоӣ ва одатҳои зиёнбахш меоварад, ки  он духтарон ва занонро аз қобилияти дар амал татбиқ намудани ҳуқуқҳои худ ва интихоби тарзи ҳаёти  сазовор маҳрум месозад.

Издивоҷи кӯдакон дар саросари Авруосиё, дар кишварҳои Ҳиндустон, Бангладеш ва Непал то Гурҷистон, Туркия ва Албания васеъ паҳн шудааст. 30 фоизи занони аз 20-24 — сола дар Осиёи Ҷанубӣ, 7 фоиз дар Осиёи Шарқӣ ва Уқёнуси Ором ва 12 фоиз дар Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ дар синни 18-солагӣ издивоҷ кардаанд.

Афзалият доштани  писарон, ки онро ба интихоби ҷинсии ғаразнок вобаста медонанд, дар Осиёи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам, инчунин дар Қафқози Ҷанубӣ ва қисматҳои Аврупои Ҷанубу Шарқӣ хеле хуб ба назар расида, ба буҳрони демографӣ, ки натиҷааш тақрибан 140 миллион «духтарони бедарак» мебошад, мусоидат намудааст.

Дар даҳсолаҳои охир, як қатор иқдомот оид ба баробарии гендерӣ ва ҳуқуқҳои инсон қабул гардидаанд, ки  ба мубориза бо ин амалҳои зараровар нигаронида  шудаанд. Аз ҷумла, барномаи амалии ICPD, ки аз ҷониби 179 кишвари ҷаҳон барои расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор то соли 2030 қабул гардидааст яке аз онҳост.

Дастгирии ҳамаҷонибаи  ҷомеаи шаҳрвандӣ,  роҳбарияти давлатҳо ва  Созмони Милали Муттаҳид ба он замина гардид, ки дар кишварҳо қонунҳо ва чораҳое андешида шаванд, ки духтарон ва занонро аз ин ва дигар хатарҳо  муҳофизат намоянд.

Пешрафти тадриҷӣ дар пешгирии меъёрҳои зарарноки иҷтимоӣ ва гендерӣ торафт ба назар мерасад. Ҷалб кардани падару модарон, ҷомеа ва   намояндагони дин  ҳолатҳои  интихоби ҷинсиро вобаста ба гендер коҳиш медиҳад.

Баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ дар ҷомеа ба бештари духтарон имконият дод, ки аз издивоҷи барвақт канорагирӣ кунанд, таҳсили худро то ба охир идома диҳанд, аз имкониятҳои иҷтимоию иқтисодӣ истифода намуда , иқтидори пурраи худро тақвият диҳанд.

Мо дастрасии бештарро ба иттилоот ва хидматҳои муҳим барои духтарон ва занон, аз ҷумла дар соҳаи солимии ҷинсӣ ва ҳуқуқҳои репродуктивӣ мушоҳида менамоем.

Аксарияти кишварҳо дар бораи амалҳои зараровар маълумоти саҳеҳу босифат ҷамъ меоранд, фаъолиятҳоро  дар барномасозии сатҳи миллӣ ва ҳам зермиллӣ тақвият медиҳанд.

Аммо фаъолияти  бештаре лозим аст.

Имсол ҳисоботи солонаи Аҳолии ҷаҳон –«Бар хилофи хоҳишҳои ӯ» ба амалҳои  зарароваре нигаронида шудааст, ки дар миқёси ҷаҳон паҳн гардида, тавсияҳои таъҷилиро барои мубориза бо онҳо тақозо мекунад.

Мо бар зидди амалҳои зараровар бояд муносибати ҳамаҷониба намуда, сабабҳои онро  дарёбем  ва комилан ҳал кунем.

Мо бояд дарк кунем, ки  ин амалҳо ба поймолкунии ҳуқуқи инсон оварда мерасонанд. Онҳо набояд ҳамчун таҷрибаҳои анъанавӣ  ва ё фарҳангӣ, ки одатан барои сафед кардани ин амалҳо истифода мешаванд, эътироф гарданд.

Дар ин самт, мо бояд ба таври возеҳ дарк намоем, ки баробарии гендерӣ дар маркази ин масъала қарор дорад.

Ҳисоботи мазкур ба ҳукуматҳо,  сиёсатгузорон ва ба тамоми қишри  ҷомеа паёми возеҳи худро мерасонад-  «Ӯ ҳам комилҳуқуқ аст.»

Мо набояд нисбат ба занону  духтарон чун моле, ки хариду фурӯш ва  ё таҳти назорат бошад, муносибат кунем. Ба онҳо ҳамон гуна ҳуқуқ ва имкониятҳоеро, ки  писарон ва мардон доранд,  фароҳам оварем.

Ҷомеаҳо бояд барои баробарҳуқуқии духтарон талош варзанд, то онҳо тавонанд таҳсили худро идома дода, касби ояндаи   худро интихоб намоянд ва ҳаёти худро  рушд  диҳанд.

Мардон бояд барои баланд бардоштани арзиши духтарон ҷаҳд кунанд  ва баҳри муносибати баробари духтарон ва писарон кӯшиш кунанд.

Иқтисод ва низоми ҳуқуқӣ бояд ба тамоми занон имкониятҳои мусовиро баҳри сохтани ҳаёти шоиста дар асоси баробарӣ, мустақилият ва шаъну шараф  кафолат диҳад.

Ҳукуматҳо бояд шартномаҳои байналмилалиеро, ки оид ба ҳимояи ҳуқуқҳои занон ва духтарон ва интихоби репродуктивӣ имзо кардаанд ,риоя намуда ба амалҳои зараровар хотима бахшанд.

Имрӯз, кишварҳои ҷаҳон бар зидди COVID-19 мубориза мебаранд. Хазинаи Нуфуси СММ ҳушдор месозад, ки ин беморӣ  кӯшишҳои банақшагирифтаро барои қатъ кардани издивоҷи кӯдакон халалдор хоҳад кард ва он метавонад оқибатҳои нохуши  иқтисодиро ба бор  овард, эҳтимол дар саросари ҷаҳон шумораи издивоҷи кӯдакон ба 13 милион  расад, ки ин ҳолат шояд дар солҳои 2020 то соли 2030 имкони рух ёфтанро надошт.

Таъсири иҷтимоиву иқтисодии пандемия дар якҷоягӣ бо танзими оила ба ҳомиладории тасодуфӣ мусоидат мекунад, ки дар навбати худ интихоби ҷинсии ғаразноки гендериро шадидтар мекунад.

Кишварҳо бояд занҳо ва духтаронро дар маркази кӯшишҳои худ қарор диҳанд.

Аз мавҷудияти буҳрони ҳозира мо имконият пайдо намудаем, ки диққати худро ба хотима бахшидани амалҳои зараровар ба пуррагӣ равона созем. Тақдири миллионҳо  одамон аз он вобаста аст, ки мо дар айни замон чӣ кор мекунем. Биёед ин имкониятро аз даст надиҳем.

ЮНФПА оҷонсии солимии ҷинсӣ ва репродуктивии СММ мебошад, ки баҳри  хотима бахшидан ба фавти модарон, дар амал татбиқ намудани  банақшагирии  оила ва нест кардани  зӯроварӣ дар асоси ҷинсият ва амалҳои зараровар нисбат ба занону духтарон фаъолият мекунад.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.