Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Ӯзбекистон: Намози таровеҳ дар хона! Тоҷикистон: Эҳтимол дорад!

Муфтии Ӯзбекистон гуфт, ки намозҳои панҷвақта, таровеҳ дар моҳи шарифи Рамазон бидуни вайрон кардани низоми худҷудоӣ дар хонаҳо бинобар таҳдиди паҳншавии коронавирус баргузор мешаванд.
Усмонхон Алимов, раиси Идораи мусалмонони Ӯзбекистон ин нуктаро зимни як суҳбаташ дар шабакаи телевизиони “Узбекистан 24” изҳор дошт.

Қобили зикр аст, ки моҳи муқаддаси Рамазон барои мусалмонон имсол 24 апрел фаро расида, то 23 май идома хоҳад кард.
Ӯ ҳамчунин гуфтааст, бо тасмими Идораи мусалмонон ифторҳо танҳо дар доираи оила баргузор карда шавад.
Гуфта мешавад, ин тадбирҳо барои мубориза бо паҳншавии сирояти коронавирус дар кишвар андешида шуданд.
Мақомоти Тоҷикистон низ гуфтанд, дар пайи чораҳои пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус имкон дорад дари масоҷид дар моҳи шарифи Рамазон баста шавад.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.