Ғалабаи рассоми тоҷик дар Амрико

27 декабри соли 2019 дар шаҳри Нию Ёрки Штатҳои муттаҳидаи Амрико озмуни байналмилалии рассомӣ таҳти унвони “Рассом ва Офарандагӣ” ҷамъбаст гардид, ки дар он рассоми тоҷик Зокир Собиров барандаи ҷойи аввал ва медали тилло гардид.

Дар кори озмун довталабон мусаввараҳои худро аз гӯшаву канори сайёра барои иштирок дар ин сабқати ҳунарӣ ирсол намуданд.

Озмун дар се марҳила баргузор шуда, даври ниҳоии он 27 декабр ҷамъбаст карда шуд, ки аз миёни шумораи зиёди иштирокчиён рассоми мумтозу закинигори тоҷик Зокир Собиров бо мусаввараи худ – “Дунёи маликаи абрешимӣ” ғолиби ҷойи аввал гардида, сазовори нишони тиллоии ин озмуни байналмилалӣ шинохта шуд. 

Мусаввараи “Дунёи маликаи абрешимӣ” дар асоси равияи ҷадиди “Танворизм” эҷод шуда, дар санъати нигорандагию рассомии ҷаҳон бо тобишҳои эҷодӣ ва офарандагии хос ҳамчун дастоварди ҳунарӣ шинохта мешавад.

Рассоми тоҷик Зокир Собиров муаллифи ду равияи рассомии “Нурворизм” ва “Танворизм” дар миёни қаламкашони ҷаҳон шинохта шуда, соли 2015 сазовори шоҳҷоизаи Уқоби тиллоӣ дар Амрико ва соли 2016 академики фахрии Академияи рассомии Федератсияи Русия гардида аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *