Ғафуров: Дар ду соат ду садама ва ду марг

Рӯзи 18 майи соли ҷорӣ тақрибан миёни ду соат дар ноҳияи Б.Ғафуров ду садамаи нақлиётӣ ба амал омад, ки дар натиҷа ду пиёдагард ҳалок шуданд.

Рӯзи 18-уми майи соли 2021, тахминан соати 15:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота-Прадо», Саидалиев Манучеҳр Сӯҳробович, соли таваллудаш 1987, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат дар роҳи нақлиётгарди «Ғафуров-Хуҷанд», дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Б.Ғафуров, бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, дучархарон Ахмедов Исмоилҷон, соли таваллудаш 1950, сокини ҷамоати деҳоти Унҷии ҳамин ноҳияро пахш намудааст. Дар ин бора хабар медиҳад ВКД.

Гуфта мешавад, ки дар натиҷа дучархарон Ахмедов И. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Тибқи иттилои манбаъ дар ҳамин рӯзи соли равон, тахминан соати 17:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес- Спринтер», Сангинов Ҳайдарбой Мансурович, соли таваллудаш 1990, сокини ҷамоати деҳоти Ҳ.Усмони ноҳияи Б.Ғафуров, ҳангоми ҳаракат дар роҳи нақлиётгарди «Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ», дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Қалъачаи Калон, бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, пиёдагард Раҳимҷонов Фахриддин Абдуғаффорович, соли таваллудаш 1965, сокини ҷамоати деҳоти Қалъачаи Калонро пахш намудааст.

Дар натиҷа, пиёдагард Раҳимҷонов Ф. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Аз рӯи ҳодисаҳои маазкур таҳқиқот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *