Ғафурзода: Устодони мо ҳам китоб менависанд, ҳам гонорар мегиранд

16 феврал дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ бо иштироки намояндагони расонаҳои иттилоотӣ баргузор гардид.

Дар нишасти хабарӣ масъалаи ба кор таъмин кардан ё корёбии хатмкунандагони Академияи мазкур аз ҷониби рӯзноманигорон ва масъулин мавриди баррасӣ қарор гирифт. Иттилоъ дода шуд, ки дар соли гузашта Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро 497 нафар хатм карданд, ки аз ин 32 нафарашон сазовори дипломи аъло шудаанд.

Вобаста ба ин Абдухалил Ғафурзода, ректори Академияи идоракунии давлатӣ гуфт: “Мо хоҳони он ҳастем, ки хамткунандагони мо корро не, балки кор хатмкунандагони моро бикобад ва мо кӯшиш кардем, ки хатмкунандагони соли гузаштаи Академия, ки бо дипломи сурх тамом карданд, дар ин даргоҳ бимонанд”.

Ёдрас мешавем, ки дар соли 2020 4 нафар унвонҷӯёни Академия рисолаи номзадиашонро ҳимоя намуданд. Дар ин росто, Абдухалил Ғафурзода гуфт: “Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар устоде, ки китоб менависад, китобаш бепул чоп карда мешавад ва боз гонорар ҳам мегирад”.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *