Қаҳҳорзода: Дар соли ҷорӣ ба Роғун маблағҳои иловагӣ ҷалб шуд

Дар соли 2019 барои сохтмони неругоҳи барқи обии Роғун ба миқдори 613 миллион сомонӣ маблағи иловагӣ масраф гардид.

Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон рӯзи 25 декабр зимни баррасии ворид кардани тағйирот ба Қонуни “Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019” дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон гуфт, ки тибқи буҷети соли ҷорӣ барои сохтмони неругоҳи Роғун ба миқдори 2 миллиард сомонӣ ҷудо шуда буд.

Вале ба гуфтаи вай, барои бунёд ва ба кор даровандани агрегати дуюми неругоҳи Роғун  ба маблағҳои иловагӣ ниёз ба миён омад.

Вазири молия таъкид кард, ки барои дарёфти маболиғи иловагӣ аз ҳисоби фурӯши сангҳо ва фулузоти қиматбаҳо ба миқдори 613 миллион сомонӣ барои сохтмони ин иншооти бузурги аср маблағ ҷалб гардидааст.

Ҳамзамон,  Файзиддин Қаҳҳорзода гуфт, ки дар пайи фурӯши евробондҳои неругоҳи Роғун дар бозорҳои ҷаҳонӣ ба миқдори 1,2 миллиард сомонӣ маблағ ба даст омадааст, ки барои сохтмони ин неругоҳ истифода хоҳад шуд.

Дар иҷлосияи порлумон таъкид шуд, ки пас аз фаъол шудани агрегати дуюми неругоҳи Роғун бештари созмонҳои байналмилалии молӣ омодагии худро барои сармоягузорӣ дар ин иншооти бузурги Тоҷикистон эълон кардаанд.

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон гуфт:  “Бештари кишварҳои на танҳо ҳамсоя, балки ҷаҳон бовар надоштанд, ки Тоҷикистон метавонад бо неруи худ ин иншооти бузурги асрро бунёд мекунад. Ҳоло назари ин кишварҳо нисбати Тоҷикистон комилан дигар шудааст”.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *