Қурбонбибии 69-сола: Писарамро наҷот диҳед

Имрӯз ба идораи ҳафтаномаи “Тоҷикистон” модари 69 солае бо ашки резон омад. Ин модар Қурбонбибӣ ном дошта, сокини деҳаи Шайнаки Чинори ҷамоати Чортеппаи ноҳияи Рӯдакӣ будааст.

Ягона ноновар ва сарпаноҳи хонадон, писари якаву ягонаи модар, Сафарбеки 34 сола аз дарди гурда азоб мекашидааст ва барои наҷот ёфтан, гурдаашро иваз менамудааст.

Сафарбек оиладор буда, соҳиби се фарзанд, як духтару ду писар мебошад ва се сол аст, ки аз дарди гурда ранҷ мекашад. Ба ӯ хоҳараш Мижгона, ки 30 сол дорад ва соҳиби ду фарзанди ноболиғ аст, гурдаашро медодааст. Аммо барои ивази гурда пули зиёд лозим будааст. Духтурон гуфтаанд, ки 80 000 сомонӣ биёр баъд гурдаи писаратро иваз мекунем.

Ин модари ғамдида ва дар азобу уқубат ғӯта зада намедонад, ки аз куҷо ин маблағро пайдо намояд ва аз мардуми саховатманд эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки барои наҷоти писараш дасти кумак дароз намоянд. Ҳар ки чӣ қадаре қудрат дорад, метавонад ба Сафарбек кумак расонад. Хоҳ як сомонӣ хоҳ сад, ин ба салоҳияти шумост. Шояд маблағе ҷамъ шаваду ӯро наҷот диҳанд…

Телефони Сафарбеки дар панҷаи марг қарор дошта: +992904484896

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *