Қолинбофӣ низ ҳунар аст

Дар Осиёи Марказӣ археологҳо қадимтарин қолинҳоро дарёфт намуданд, ки ҳатто ба ҳазорсолаҳои 1 то милод мансуб будааст.

Яке аз  ҳунарҳои қадимтарини мардумии дар маҳали мо ривоҷёфта ин ҳунари «Қолинбофӣ» мебошад.

Қолинбофии дастӣ, аз оғоз то охир кори диққатҷалбкунанда, индивидуалӣ ба ҳисоб рафта, дар хонаҳо коркард ва тайёр карда мешавад.

Қолинбофон дар оғози кор пашми гӯсфандро (афзалтар аст, агар сафед бошад) ба сифати  1-ум ва 2-юм  ҷудо менамоянд ва такрор ба такрор мешӯянд. Ба тозагии он хеле аҳамияти ҷиддӣ медиҳанд, зеро  ришта ва қолини оянда ба ин вобастагӣ дорад. Ба ин кори муҳим аъзои оила, хешовандон, ҳамсоязанҳо таклиф карда мешаванд. Дар ҳавои гарм, вале дар ҷои нарму салқин бо тариқи дастаҷамъона (ҳашар) кор оғоз меёбад.

Яке аз ҳунармандон, устои таҷрибанок, қолинбофи номдор дар Тоҷикистон, Ҳаётхон Ӯзбекова мебошад, ки  дар ҷамоати Хонободи Исфара зиндагиву кор мекунад. Ин устои номдор, ҳунари мардумиро дар даврони хурдсолӣ аз Анзуратхон Муродова аз худ намудааст. Дар муддати кӯтоҳ  Ҳ. Ӯзбековаи меҳнатдӯст, зирак ва чолок сиру асрорҳои бофтани қолинҳои босифати дастиро омӯхт ва ба кори мустақилона оғоз намуд.

«Эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- -Пешвои миллат  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон»  ба мо илҳоми тозае бахшид ва ба пешрафти касбу ҳунарҳои мо пойдевори мустаҳкам гузошт”, — баён намуд ҳунарманд.

Имрӯзҳо Ҳаётхон Ӯзбекова якчанд шогирдони худро дорад, ки инҳо: Шарифахон Қӯшмуродова, Одинахон Эрматова, Назирахон Ӯзбекова, Ҳафизахон Турдиева мебошанд, ки бе мушкилӣ кори мустақилона бурда истодаанд.  

Муҳсинҷон Ёсинҷонов,

ш. Исфара           

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *